Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Левакант. Кӯчаҳо мумфарш мешаванд


Левакант. Кӯчаҳо мумфарш мешаванд





Бо саҳми оилаи Шафиевҳо роҳҳои деҳаи “Баҳодурон”-и Ҷамоати деҳоти “Гулистон”-и шаҳри Левакант мумфарш гардид.

Дар  шаҳри  Левакант  тадбирҳои  ободонию созандагӣ  рӯз  то  рӯз  вусъат  мегиранд.  Зеро  мақомоти иҷроияи  ҳокимияти  давлатию соҳибкорони  ҳимматбаланд барои  фароҳам  овардани  шароити  муносиб  ба  сокинон амалҳои хайру пурсавобро рӯи кор гирифта, маҳалли зисти худро боз ҳам ободу зебо мегардонанд. 

Асфалтпӯш  гаштани роҳҳои  вайрону  валангори деҳаи  “Баҳодурон”-и  Ҷамоати деҳоти  “Гулистон”  аз  корҳои созандагию  бунёдкории соҳибкоронуисаховатманди  ин маҳал мебошад. Маҳз дар доираи  иқдомҳои  созанда  ва  бо саҳми  сокинону  соҳибкорони баору  номуси  ин  диёр, ҳамасола  роҳҳои  ҳудуди  шаҳр мумфаршу  мушкили  рафту омади воситаҳои нақлиёт осон гардонида мешавад. 

Ба  гуфтаи  сокинон, корҳои  тахту  ҳамворкунӣ  ва асфалтпӯш  намудани  роҳҳо  аз  кӯчаи  якум  оғоз гардид.  Ҳамин  аст,  ки  бо  тартиб  ҳама  кӯчаҳо яке  пайи  дигаре  бо  саҳмгузории  раиси  хоҷагии деҳқонӣ ё худ оилаи Шафиевҳо ва ҷидду ҷаҳди  сокинони хайрхоҳи маҳалла мумфарш гашта истодааст.

Дар  ҳамин  росто,  роҳҳои  дигари  ҳудуди маҳалла  низ  тариқи  ҳашар  ва  саҳми  сокинону ҷалби техникаю қувваи кории Муассисаи давлатии  нигоҳдории  роҳҳои  автомобилгарди  шаҳр, дар  назар  аст,  ки  мумфаршу  ҳамвор  карда  шавад.  Чун  барои  таъмини  бехатарии  ҳаракати нақлиёт  ва  хубтару  беҳтар  гардонидани  роҳҳои ҳудуди шаҳр масъулини роҳу нақлиёт нақшаҳои созандаеро рӯи кор гирифтаанд.

Комрони Бахтиёр, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода