Соли вусъати корҳои ободониву созандагӣ
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Дар доираи “Соли фарҳанги китобхонӣ” эълон кардани соли 2025 дар қаламрави вилояти Хатлон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Идораи рӯзномаи «Хатлон» Конференсияи илмӣ-амалии «Фарҳанги мутолиа - омили рушди устувори ҷомеа ва инкишофи тафаккури эҷодӣ», рӯнамоии китобҳои тозанашри «Қадами файзбор», «Наврӯзномаи “Хатлон”» ва маросими тақдими ҷоизаҳо ба ғолибони озмунҳои «Олиҳаи меҳр» ва «Занон - нигини тоҷи миллат» баргузор гардид.
Ин ҳамоиш дар толори Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, намояндагони ташкилоту идораҳо, адибон, китобдорон гурӯҳи васеи олимону муҳаққиқон ва донишҷӯёну омӯзгорон доир шуд.
Сараввал, меҳмонон аз намоиши китобҳо дидан намуданд. Ҳамзамон, аз тарафи идораи рӯзномаи “Хатлон” беш аз 500 нусха адабиёти тозанашр ва шумораҳои махсуси рӯзнома ба китобдорон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят тақдим гардид.
Нахуст, Анзурат Абдусаломзода, муовини раиси вилояти Хатлон дар мавзуи “Саҳми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар баланд бардоштани маърифати китобхонии аҳолӣ” баромад намуда, таъкид дошт ки соли фарҳанги китобхонӣ баёнгари аҳамияти афзояндаи китоб ҳамчун воситаи бунёди андеша, таҳкими ҳувияти миллӣ ва рушди шахсияти комил дар ҷомеаи муосири тоҷик мебошад”.
Ҳадафи конференсия таҳлили вазъи кунунии фарҳанги китобхонӣ, пешниҳоди роҳҳои рушди китобхонаҳо ва мутолиаи босифат, мубодилаи таҷрибаҳои муваффақ ва ҳамкории пурсамар миёни муҳаққиқон, китобдорон, омӯзгорон ва дигар ниҳодҳои масъул арзёбӣ гардид.
Ҳамчунин, Сайфиддин Камолзода, муовини директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Марҳалаи чашмрас дар масири фарҳанги мутолиа”, Ҳилола Каримова, ходими калони илмии шуъбаи фолклори Институти забон ва адабиёт ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар мавзуи “Китоб - ганҷинаи илму дониш ва масдари тафаккур ва Муҳаббат Маҳмадалиева, дотсенти Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, дар мавзуи “Нақши оила дар ташаккули фарҳанги китобхонӣ” баромад намуданд.
Дар ҷараёни конференсия иштирокдорон доир ба нақши калидии китоб дар рушди ҷомеа, бедор кардани завқи китобхонӣ миёни аҳолӣ, хусусан ҷавонон ва роҳҳои баланд бардоштани сатҳи маърифати китобдорӣ ибрози назар карданд.
Дар идомаи чорабинӣ Носирҷон Маъмурзода, сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон” китобҳои тозанашр «Қадами файзбор» ва «Наврӯзномаи “Хатлон”-ро муаррифӣ кард.
Китоби «Қадами файзбор» инъикосгари сафарҳои бобарору хотирмони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон буда, ба публитсистон, таърихнигорон, муҳаққиқон, хизматчиёни давлатӣ ва тамоми алоқамандони мутолиа манзур гардидааст.
Китоби «Наврӯзномаи Хатлон» бошад, таърихи пурғановати ҷашни Наврӯз, ҷанбаҳои маънавию фарҳангии он ва нақши ин ойини бостониро дар ҳаёти иҷтимоии мардум инъикос менамояд.
Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки танҳо дар зарфи як соли охир бо ибтикори аҳли эҷоди рӯзномаи “Хатлон” 12 номгӯи китоб ба нашр расидааст, ки дар самти татбиқи нақша чорабиниҳои Соли фарҳанги китобхонӣ дар вилояти Хатлон қадами устувор аст.
Дар охири чорабинӣ тақдими ҷоизаҳо ба ғолибони озмунҳои “Занон - нигини тоҷи миллат” ва “Олиҳаи меҳр” бо як шукӯҳу шаҳомати хосса ба таври зайл ҷамъбаст шуд.
Cазовори ҷойи якум устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ализода Абдурашид шуд, ки бо Дипломи дараҷаи 1 ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 3000 сомонӣ қадрдонӣ карда шуд.
Cазовори ҷойи дуюм Абдураҳмон Ҳасанӣ, корманди ТВ «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва Раҷабалӣ Имомиён, корманди ТВ “Хатлон” шуд, ки ба ҳар яке Дипломи дараҷаи 2 ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 2000 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.
Cазовори ҷойи сеюм Муштарӣ Асламшоева, сокини ВМКБ, Рӯъёи Усмон, эҷодкор аз н. А. Ҷомӣ, Шоира Хуҷамардова, корманди Китобхонаи оммавии вилоятии ба номи Ш. Шоҳин ва Умедҷони Амонӣ, ҳуқуқшиноси ҷавон гардиданд, ки ба ҳар яке Дипломи дараҷаи 3 ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1000 сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Ҳамчунин, барои иштироки фаъолона Далер Шарипов, хабарнигори маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон”, Шоҳмурод Аюбов, ҳунарманди театри ба номи Абулқосим. Лоҳутӣ, Усмоналӣ Сиддиқов, донишҷӯи Коллеҷи тиббӣ-инноватсионии шаҳри Бохтар бо Сипоснома ва мукофотҳои арзишманд қадрдонӣ шуданд.
Дар озмуни муштараки эҷодии рӯзномаи “Хатлон” ва Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон барои беҳтарин маводи публитсистӣ таҳти унвони «Занон – нигини тоҷи миллат» бошад, сазовори ҷойи якум Аъзам Бобоев, рӯзноманигор гардид, ки бо Дипломи дараҷаи 1 ва мукофоти арзишманд сарфароз гардонида шуд.
Cазовори ҷойи дуюм насиби Райҳона Раҳматова, омӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав ва Абдулло Риоев, корманди рӯзномаи “Хатлон” шуд, ки ба ҳар яке Дипломи дараҷаи 2 ва бо туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ карда шуданд.
Cазовори ҷойи сеюм бошад, Дилором Маҳкамзода, н.и.ф, Зебогул Азимова, рӯзноманигор ва Латофат Одиназода, директори Коллеҷи омӯзгории ДДК ба номи А. Рӯдакӣ шуданд, ба ҳар яке Дипломи дараҷаи 3 ва бо туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ карда шуданд.
Барои иштироки фаъолона Зулфов Муҳаммадҷон, мудири шуъбаи ташкилии кор бо кадрҳои Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, Аҳлиддин Муборов, рӯзноманигор, Гулчеҳра Наимзода, сармутахассиси бахши кор бо оилаи Раёсати занони вилоят ва Набиҷони Саидаброр, корманди рӯзномаи “Хатлон” бо Сипоснома ва мукофотҳои арзишманд қадрдонӣ шуданд.
"Хатлон"
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.