Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » САМАРАНОК ИСТИФОДА БАРДОШТАНИ ЗАМИН ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ВОСИЛ”


САМАРАНОК ИСТИФОДА БАРДОШТАНИ ЗАМИН ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ВОСИЛ”



Дар доираи сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ноҳияи Восеъ, ҳайати расмӣ аз фаъолияти Хоҷагии деҳқонии “Восил” боздид ба амал овард.

Гармхонаҳои ин хоҷагӣ бо тарҳи замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир дар масоҳати умумии 2 гектар бунёд гардидаанд. Аз ин ҳисоб, 0,08 гектар барои парвариши қулфинай дар гармхона, 0,30 гектар барои дарахтони лиму ва 0,10 гектар барои қулфинайи зери плёнка ҷудо шудааст.

Хоҷагии деҳқонии “Восил” дар самти истифодаи самараноки гармхонаҳо таҷрибаи ғанӣ дошта, дар давоми солҳои охир ба яке аз намунаҳои пешқадам дар минтақа табдил ёфтааст. Аз моҳи декабри соли ҷорӣ то имрӯз маҳсулоти қулфинай ба бозорҳои дохилии ноҳия ва шаҳру ноҳияҳои атроф ба таври мунтазам ба фурӯш бароварда шуда, ба ҳисоби миёна бо нархи 40–45 сомонӣ фурӯхта мешавад. Ин нишондиҳанда далели равшани самаранок истифодабарии гармхона ва ташкили дурусти раванди истеҳсол мебошад.

Масъулини хоҷагӣ иброз доштанд, ки дар асоси сиёсати давлат оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои замин, нақша доранд дар оянда масоҳати гармхонаҳоро васеъ намуда, намуди зотҳои нави мева ва сабзавотро ворид намоянд. Ҳамчунин, таваҷҷуҳи хос ба истифодаи технологияҳои обёрии қатрагӣ, рӯёндани ҳосили баланд ва таъмини бозори маҳаллӣ бо маҳсулоти босифат равона гардидааст.

Зимни боздид, Сарвазири мамлакат аз фаъолияти самараноки хоҷагӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид доштанд, ки рушди гармхонаҳо ва кишоварзии муосир, бахусус дар шароити тағйирёбии иқлим, омили муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва пешрафти иқтисоди маҳаллӣ ба ҳисоб меравад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода