ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ САНГУ ШАҒАЛ ВА БЕТОН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 31
![]()
9 апрели соли 2025 дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Хатлон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва ҳайати ҳамроҳонашон аз ҷараёни фаъолияти корхонаи истеҳсоли сангу шағал ва бетон, ки дар деҳаи Обшорони Ҷамоати деҳоти Кӯлоби шаҳри Кӯлоб ҷойгир аст, боздид ба амал оварданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, муассиси корхона ҶДММ “Рақиб-Р” мебошад. Корхона дар масоҳати 0,40 гектар замин бунёд гардида, барои истихроҷи ашёи хом — сангу шағал — 50 гектар замин ҷудо шудааст. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 200 метри мукааб сангу шағал ва 500 метри мукааб бетонро ташкил медиҳад.
Дар корхона 20 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуда, барои фаъолияти босамар 9 адад техникаи хизматрасон мавҷуд мебошад. Айни замон корхона пурра омодаи истеҳсолот буда, фаъолияти худро оғоз намудааст.
Бунёди иншооти мазкур дар доираи татбиқи ҳадафҳои миллӣ — “Солҳои 2022–2026 — Солҳои рушди саноат” амалӣ гардида, дар татбиқи барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла рушди инфрасохтор, муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ ва беҳбудии сатҳи зиндагии аҳолӣ нақши муҳим хоҳад мегузорад.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...