ТАДБИРҲОИ ҶИДДӢ БАРОИ ПЕШГИРИИ ХАТАРҲОИ ТАБИӢ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 129
Дар доираи сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ноҳияи Восеъ ҳайати расмӣ аз ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар деҳаи Кучабоғи Ҷамоати деҳоти ба номи Худоёр Раҷабов боздид ба амал оварданд.
Мавриди зикр аст, ки дар ҳудуди ноҳияи Восеъ зиёда аз 30 километр мавзеъҳои осебпазир ва зери хатари обхезӣ мавҷуданд. Аз ҷумла, дар деҳаи Кучабоғ — 2600 метр, Кадучӣ — 1000 метр, мавзеъи дарёи Сурхоб — 3000 метр, деҳаи Файзобод — 1000 метр, Пушёни боло — 5000 метр ва деҳаи Гулистон — 2000 метр минтақаҳои хатарзо ба ҳисоб мераванд.
Бо мақсади пешгирии хатарҳои эҳтимолӣ ва ҳифзи муҳити зист, дар деҳаи Кучабоғ корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба масофаи 450 метр аз ҷониби Агентии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Восеъ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия амалӣ шуда истодааст. Барои иҷрои корҳои ҷорӣ 95 ҳазор сомонӣ равона гардида, 640 адад тахтасанг бо дастгирии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рехта шуда, қисми зиёди онҳо васл гардидаанд.
Чорабиниҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар мавзеъҳои наздик ба маҳалҳои аҳолинишин ва заминҳои кишоварзӣ бо суръати зарурӣ идома доранд. Ин тадбирҳо на танҳо ба таъмини амнияти аҳолӣ ва муҳофизати сарвати миллӣ равона шудаанд, балки барои ҳифзи муҳити зист ва пешгирии хисорот дар мавсими баланд шудани сатҳи об нақши калидӣ мебозанд.
Зимни боздид, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода изҳор доштанд, ки татбиқи барномаҳои соҳавӣ дар самти беҳдошти ҳолати иншооти гидротехникӣ, обрасонӣ ва ҳифзи муҳити зист яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00