БОЗДИД АЗ НАШЪУНАМОИ ПАХТАИ ЗЕРИ ПЛЁНКА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ «ДАВЛАТ НАЗАР»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 113
![]()
9 апрели соли 2025, дар доираи сафари кории худ ба вилояти Хатлон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва ҳайати ҳамроҳонашон аз ҷараёни нашъунамои пахтаи зери плёнка дар хоҷагии деҳқонии «Давлат Назар»-и шаҳри Кӯлоб боздид ба амал оварданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, хоҷагии деҳқонии “Давлат Назар” дар майдони умумии 67,59 гектар ташкил ёфта, ҳамаи он заминҳои корами обӣ мебошанд. Дар мавсими кишти имсола дар хоҷагӣ зироатҳои гуногуни кишоварзӣ, аз ҷумла пахта дар 22 гектар, гандум дар 37,29 гектар, ҷав дар 2 гектар, ҷавдон дар 2 гектар ва сабзавот дар 1,3 гектар кишт карда шудаанд.
Нашъунамои хуби пахта, ки дар зери плёнка парвариш ёфтааст, нишон медиҳад, ки истифодаи технологияи муосир метавонад ҳосилнокиро афзоиш дода, дар шароити иқлими минтақа натиҷаҳои назаррас ба бор оварад.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...