Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Муовини раиси вилояти Хатлон бо донишҷӯён мулоқот кард


Муовини раиси вилояти Хатлон бо донишҷӯён мулоқот кард




Бо мақсади татбиқи Нақшаи чорабиниҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани маърифати сиёсию иҷтимоии ҷавонон дар Муассисаи хусусии Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Бохтар мулоқоти муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода бо донишҷӯён баргузор гардид.

Дар ин мулоқот намояндагони Раёсатҳои маориф, кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят, омӯзгорон ва донишҷӯёни фаъоли коллеҷ ширкат варзиданд. Ҳадафи асосии вохӯрӣ тарғиби арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, омӯзиши илмҳои муосир ва ҳавасмандгардонии ҷавонон ба фаъолияти илмӣ, эҷодӣ ва ҷамъиятӣ арзёбӣ шуд.

Анзурат Абдусаломзода, муовини раиси вилояти Хатлон зимни суханронӣ таъкид намуд, ки сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба самти дастгирии ҷавонон ва рушди қобилияти зеҳнии онҳо равона гардида, имрӯз дар саросари кишвар барои таҳсил ва тарбияи насли наврас шароити мусоид муҳайё аст. Мавсуф изҳор дошт, ки ҷавонон бояд аз имкониятҳои фароҳамшуда истифода намуда, донишу малакаи худро сайқал диҳанд ва дар пешрафти ҷомеа саҳми босазо гузоранд.

Ҳамзамон, Анзурат Абдусаломзода баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалиро яке аз роҳҳои муҳими рушди истеъдоди ҷавонон арзёбӣ намуда, донишҷӯёнро ба иштироки фаъолона дар чунин чорабиниҳо даъват кард.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, дурӣ аз таъсири фарҳанги бегона, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби ҷавонон ба чорабиниҳои илмӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ҳамзамон, ба зарурати омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва касбҳои муосир, ки дар бозори меҳнат талаботи зиёд доранд, таъкид гардид.

Рамазони МИРЗОМИДДИН 
"Хатлон"

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода