БОЗДИДИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР БОҒЧАИ КӮДАКОНА ВА МАРКАЗИ САЛОМАТӢ ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 08 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 39
![]()
Дар идомаи сафари кории худ ба минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва ҳайати ҳамроҳон аз ҷараёни сохтмони як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ дар ноҳияи Данғара дидан намуданд. Ин боздидҳо дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфтанд.
Сарвазири мамлакат аз сохтмони муассисаи томактабӣ, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони маҳаллӣ оғоз гардидааст, боздид ба амал оварданд. Бинои муассиса аз 2 ошёна иборат буда, барои 300 кӯдак пешбинӣ шудааст ва бо риояи меъёрҳои муосири сохтмонӣ тарҳрезӣ гардидааст.
Фармоишгари лоиҳа соҳибкор Давлатзода Нозимҷон буда, корҳои сохтмонӣ бо ҷалби мутахассисон ва қувваи кории маҳаллӣ ба роҳ монда шудааст. Айни ҳол дар майдони сохтмон корҳои бетонрезии таҳкурсии бино босуръат идома доранд.
Зимни боздид, Сарвазири мамлакат аз саҳми соҳибкорон дар пешрафти иҷтимоиву иқтисодии маҳал истиқбол намуда, зикр карданд, ки дастгирии бахши хусусӣ дар татбиқи барномаҳои давлатӣ, бахусус дар соҳаи маориф, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Дар идома ҳайати расмӣ аз раванди сохтмони бинои нави таваллудхона низ дидан намуданд. Иншооти мазкур низ аз 2 ошёна иборат буда, барои беҳтар гардонидани хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон пешбинӣ шудааст. Бинои нав бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, корҳои сохтмонӣ айни замон дар марҳилаи бетонрезии таҳкурсӣ қарор доранд.
Зимни боздид, Сарвазири мамлакат ҷиҳати таъмини муҳити солими хизматрасонии тиббӣ, истифодаи масолеҳи босифат ва риояи муҳлатҳои сохтмон ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Умарҷон ТОШМАТОВ,
“ХАТЛОН”
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00