Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » МУЪМИНОБОД: ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ №37 БАРОИ 480 ХОНАНДА ДАР ДЕҲАИ НАВБАҲОР


МУЪМИНОБОД: ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ №37 БАРОИ 480 ХОНАНДА ДАР ДЕҲАИ НАВБАҲОР



8 апрел дар идомаи сафари корӣ сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва ҳайати ҳамроҳонашон бо мақсади таъмини хонандагони деҳоти дурдаст бо шароити муосири таълимӣ ва дар доираи иҷрои нақшаи давлатии бунёдкорӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар деҳаи Навбаҳори ноҳияи Муъминобод муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37 барои 480 нафар хонанда мавриди истифода қарор доданд.

Ба сарвазири мамлакат иттилоъ дода шуд, ки сохтмони мактаби мазкур дар асоси лоиҳаи “Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна” бо маблағгузории Бонки Исломии Рушд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба маблағи 6 миллиону 116 ҳазор сомонӣ аз моҳи апрели соли 2022 оғоз гардида, то охири соли 2024 бо сифати баланд ба анҷом расонида шуд.

Иншоот аз 2 ошёна иборат буда, дорои 10 синфхона, утоқи муаллимон, утоқи директори муассиса ва синфхонаҳои замонавӣ барои фанҳои химия, физика, биология, компютер ва дигар фанҳо мебошад. Дар ҳавлии мактаб буғхона, анбори ангишт, бинои ҳоҷатхона бо 10 ҷойи нишаст ва майдончаҳои варзишӣ бо роҳравҳои бетонӣ сохта шудаанд.

Ифтитоҳи ин мактаб як қадами муҳиму умедбахш дар самти дастрасӣ ба таҳсилоти босифат барои сокинони Навбаҳор маҳсуб ёфта, барои садҳо хонанда шароити муносиби омӯзиш фароҳам овард.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода