ОҒОЗИ САФАРИ КОРИИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БА ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ МИНТАҚАИ КӮЛОБ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 08 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 39
![]()
Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8 апрели соли 2025 Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷиҳати шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ, созандагию бунёдкорӣ дар иншоотҳои сохташаванда бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ташриф овард.
Сарвазири мамлакатро дар ин сафар раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва дигар намояндагони расмӣ ҳамроҳӣ карданд.
Сафари кории Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз ноҳияи Данғара оғоз гардид.
Тибқи нақшаи сафари корӣ Сарвазири мамлакат бо гурӯҳи ҳамроҳонаш дар маъракаи ниҳолшинонии дарахтони ороишӣ ва ҳамешасабз дар назди маҷмааи “Хушаи гандум” шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб иштирок намуданд. Дар ин мавзеъ дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуданд, ки як бахши муҳими иқдомҳои экологии кишвар дар самти ободонии муҳити зист ва беҳбуди ҳавои тоза маҳсуб меёбад.
Қайд гардид, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни миллии 35-солагии Истиқлол, дар ноҳия ва минтақа корҳои ободониву кабудизоркунӣ, аз ҷумла шинонидани ҳазорон бех ниҳоли сояафкан, мевадиҳанда ва гулу буттаҳои ороишӣ вусъат гирифтаанд.
Умарҷон ТОШМАТОВ,
“ХАТЛОН”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00