ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВИ МАЪМУРИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛИ МУЪМИНОБОД ДАР ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ЧОРСӮ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 08 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 48
![]()
8 апрели соли 2025, дар доираи сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба минтақаи Кӯлоб ва ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали Муъминобод, воқеъ дар Ҷамоати шаҳраки Чорсӯ бо иштироки Сарвазири мамлакат, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва дигар шахсони расмӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Иншооти нав бо маблағгузории Кумитаи ҳифзи муҳити зист назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби ҶДММ “Хуҷаи Нур” бо сифати баланд ва мутобиқ ба меъёрҳои муосир бунёд гардида, 1 миллиону 620 ҳазор сомонӣ арзиш дорад.
Бино аз 2 ошёна иборат буда, дорои 8 утоқи корӣ, ҳуҷраҳои ёрирасон ва инфрасохтори зарурии муосир мебошад. Масоҳати зери сохтмонро 251 метри мураббаъ ташкил дода, ҳамаи шароити зарурӣ барои фаъолияти самараноки кормандони соҳавӣ фароҳам оварда шудааст.
Ифтитоҳи иншооти мазкур қадами муҳиме дар роҳи таҳкими идоракунии хоҷагии ҷангал, ҳифзи муҳити зист ва истифодаи устувори захираҳои табиӣ ба ҳисоб меравад. Он ҳамчунин бозгӯи таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти олии мамлакат ба масоили экологӣ ва рушди инфрасохтори соҳавӣ дар минтақаҳои дурдаст мебошад.
Умарҷон ТОШМАТОВ
"ХАТЛОН"
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...