Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » САМАРАНОКИИ КОРҲОИ САҲРОӢ ЗЕРИ ТАВАҶҶУҲИ РОҲБАРИЯТИ ВИЛОЯТ


САМАРАНОКИИ КОРҲОИ САҲРОӢ ЗЕРИ ТАВАҶҶУҲИ РОҲБАРИЯТИ ВИЛОЯТ



Раиси вилояти Хатлон бо раванди корҳои саҳроӣ дар ноҳияҳои Хуросон ва Абдураҳмони Ҷомӣ шинос шуд.

6 апрел бо мақсади ошноӣ бо ҷараёни корҳои саҳроӣ ва фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз ноҳияҳои Хуросон ва Абдураҳмони Ҷомӣ боздид ба амал овард.

Нахуст, раиси вилоят аз фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Бобои Хидир” дар ноҳияи Хуросон дидан карда, бо дастовардҳои он шинос шуд. Тавре иттилоъ дода шуд, масоҳати умумии хоҷагӣ 46 гектарро ташкил дода, дар майдони 0,40 сотих гармхона бомуваффақият қулфинай парвариш мешавад. Аз аввали мавсим то кунун тақрибан 5 тонна маҳсулот ба бозор бароварда шудааст. Ҳамчунин, дар 20 гектар зери плёнка пунбадона кишт гардида, нашъунамои картошка ва пиёз дар сатҳи қаноатбахш қарор дорад. Дар хоҷагӣ 40 саҳмдор фаъолият доранд ва роҳбарии онро Хидиров Бобошер ба уҳда дорад.

Аснои боздид раиси вилоят бо кишоварзон ва масъулони соҳа суҳбат ороста, ҷиҳати истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои мавҷуда дастуру тавсияҳои муфид дод.
Сипас, Давлаталӣ Саид дар хоҷагии деҳқонии “Алишер”-и ноҳияи Хуросон бо оғоз бахшидан ба кишти пунбадона, аз аҳли заҳматро даъват кард, ки тухмии мутобиқ ба иқлим ва дорои сифати баланд кишт намоянд. Зеро риояи қоидаҳои илман асосноки кишоварзӣ ва истифодаи тухмиҳои беҳтарини зироатӣ заминаи асосии фаровонҳосилӣ мебошад.

Хоҷагии мазкур 9 гектар заминро фаро мегирад, ки 6 гектараш замини корами обӣ буда, дар он картошка (3 га), пиёз (1 га) ва пахта (2 га) кишт шудааст.

Дар ҷараёни суҳбат бо хоҷагидорон раиси вилоят фаъолияти пурсамари онҳоро баланд арзёбӣ карда, барои боз ҳам самаранок истифода бурдани захираҳои замин ва саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқавории кишвар супоришҳои мушаххас дод. Ҳамзамон, зимни мулоқот бо раисони ҷамоатҳо, Давлаталӣ Саид ба вусъати корҳои ободониву созандагӣ таъкид кард.

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ низ раиси вилоят аз се хоҷагии деҳқонӣ боздид ба амал оварда, хоҷагидоронро барои тезонидани ҷараёни кишти баҳорӣ ҳидоят намуд.

Давлаталӣ Саид дар суҳбат бо кишоварзон изҳор дошт, ки дар замони афзоиши аҳолӣ ва болоравии талабот ба маводи ғизоӣ дар саросари ҷаҳон, рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад ва дар ин росто беҳсозии имкониятҳои истеҳсолӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода