АНЪАНАҲОИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН ВА ДАСТГИРИИ НИЁЗМАНДОН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 03 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 104Имрӯз дар Амфитеатри боғи ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ҳамоиши бошукуҳ баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш Сулаймон Зиёзода, муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Музаффар Мирзозода, муовини якуми раиси вилояти Хатлон , Бахтиёр Назарзода, раиси шаҳри Кӯлоб, намояндагони шуъбаю муассисаҳои таълимӣ ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок доштанд.
Нахуст меҳмонон аз намоиши хӯрокҳои миллӣ, ҳафтсин ва ҳафтшин, ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили чакандӯзӣ, сӯзандӯзию гулдӯзӣ, заргарӣ, тарроҳӣ ва дигар санъати мардумӣ аз тарафи тарроҳону чирадастони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дидан намуда, ба ҳунари иштирокдорон баҳои баланд доданд.
Гуфта шуд, ки бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва ташаббусҳои Пешвои миллат ҷашну маросимҳои қадима эҳё гардида, дӯстиву рафоқати байни шаҳрвандон торафт мустаҳкам мешавад.
Наврӯз беш аз 6000 сол таърих дошта, ҳамчун ҷашни оғози баҳор ва соли нави мардуми тоҷику форс ва дигар халқҳои ҷаҳон таҷлил мегардад. Аз замонҳои қадим он ҳамчун санаи бунёдкорӣ, дӯстию бародарӣ қайд карда мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳона ва инсондӯстонаи Пешвои миллат дар ин чорабинӣ аз ҷониби соҳибкори муваффақ ва фарзанди содиқи Ватан Шарифзода Муҳаммадзариф барои 30 хонаводаи ниёзманд таъмири манзил анҷом дода шуд ва ба 600 оилаи камбизоат кумакҳои яквақтаина расонида шуд. Ҳамзамон, аз ҷониби ин соҳибкор сохтмони як толор ва чаҳор майдончаи варзишӣ дар арафаи анҷомёбист. Дар доираи ин чорабинӣ аз ҷониби Шарифзода Муҳаммадзариф ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб зиёда аз 500 кӯдак хатнасур шуданд. Маросими хатнасур дар фазои ботантана ва бо риояи суннатҳои миллӣ баргузор гардид.
Ҳамзамон, дар ҳошияи таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ин рӯз барномаи бошукуҳи консертӣ баргузор гардида, табъи сокинон ва меҳмононро болида гардониданд.
Алишери АБДУЛМАҶИД,
Умарҷон ТОШМАТОВ
"ХАТЛОН"
ПРЕЗИДЕНТ
-
-
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон
-
Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соҳаи сиёсати ҷавонон барномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд