Раиси вилояти Хатлон бо сафари корӣ ба ноҳияи Кӯшониён рафт
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 03 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 98
![]()
Имрӯз, 3 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо сафари корӣ ба ноҳияи Кӯшониён ташриф овард. Зимни боздид раиси вилоят аз раванди корҳои саҳроӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигии сокинон, вусъати корҳои ободонӣ дар маҳаллаву деҳот, вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ ва фаъолияти ошхонаҳои онҳо шинос шуд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба масъулон дастурҳои мушаххас дод, ки истифодаи самараноки замин, тозаю озода нигоҳ доштани маҳаллаву деҳот ва ҷалби хонандагон ба озмуну олимпиадаҳои фаннӣ тақвият ёбанд. Ӯ ҳамчунин бо омӯзгорону хонандагон мулоқот намуда, масоили баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, муҷаҳҳаз гардонидани майдонча ва кабинетҳои омодагии ҳарбӣ ва ташкили китобхонаҳои электрониро муҳокима кард.
Дар Ҷамоати деҳоти «Сарвати Истиқлол» раиси вилоят бо раванди корҳои саҳроӣ, кишти пахта ва фаъолияти гармхонаҳои доимоамалкунанда шинос шуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар майдони 320 гектар кишти сабзавотҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозор ба роҳ монда шудааст ва ҳосили аввалини бодиринг, помидор ва қаланфури булғорӣ ҷамъоварӣ мегардад. Ӯ ба деҳқонон тавсия дод, ки барои таъмини бозор бо маҳсулоти ватанӣ ва нигоҳ доштани нархҳои муътадил, кишту парвариши босифатро ба роҳ монанд.
Дар ҷараёни боздид раиси вилоят ба хонаи сокини маҳаллӣ Ҷӯрабой Аслев ташриф оварда, бо фаъолияти гармхонаи ӯ ошно шуд. Ӯ саҳми чунин хоҷагиҳоро дар таъмини амнияти озуқаворӣ муҳим арзёбӣ намуда, ҷиҳати истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ тавсияҳо дод.
Сипас, Давлаталӣ Саид ба Ҷамоати деҳоти «Заргар» сафар карда, аз раванди кишти пунбадона ва картошка дар майдони беш аз 5 гектар дидан намуд. Вай деҳқононро ба истифодаи тухмиҳои хушсифат ва риояи талаботи агротехникӣ ҳидоят кард.
Ҳамчунин, раиси вилоят бо фаъолияти гимназияи давлатӣ барои хонандагони болаёқати ноҳия шинос шуда, хонандагонро ба донишандӯзӣ ва таҳсили хубу аъло ташвиқ намуд.
Зимни сафари корӣ раиси вилоят аз сохтмони бинои иловагии гимназия ва дигар муассисаҳои таълимӣ боздид намуда, масъулонро вазифадор кард, ки инфрасохтори таълимиро бо талаботи замон мутобиқ намоянд. Давлаталӣ Саид ҳамчунин аз фаъолияти Беморхонаи рақами 2-и Ҷамоати деҳоти «Заргар» шинос шуда, табибонро барои хизмати содиқона ба аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ҳидоят намуд.
Сафари кории раиси вилояти Хатлон ба ноҳияи Кӯшониён бо натиҷаҳои муҳим ҷамъбаст гардида, иҷрои супоришҳои додаи ӯ таҳти назорати доимӣ қарор гирифт.
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...