Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Кишти пахтаи зери плёнка дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ идома дорад


Кишти пахтаи зери плёнка дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ идома дорад



Имрӯз, 3 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар хоҷагии деҳқонии «Дубеда»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба кишти пунбадонаи зери плёнка ҳусни оғоз бахшид.

Иттилоъ дода шуд, ки майдони кишт дар ноҳия 13 ҳазору 338 гектарро ташкил медиҳад, ки аз ин 8 ҳазору 100 гектараш барои парвариши пахта ҷудо шудааст. Имсол кишоварзони ноҳия дар беш аз 2 ҳазор гектар кишти зери плёнкаи пунбадонаро ба роҳ мондаанд.

Хоҷагии деҳқонии «Дубеда» дорои 32 гектар замин мебошад. Имсол дар 20 гектар кишти пахта ба нақша гирифта шуда, 15 гектараш бо усули зери плёнка кишт мегардад. Ин хоҷагӣ, ки дар ҷамоати деҳоти Вахшон фаъолият мекунад, ба парвариши пахта, ғалла, пиёз, қулфинай ва дарахтони мевадиҳанда машғул мебошад.

Тибқи иттилоъ, кишоварзони хоҷагӣ дар 2 гектар боғ, 2 гектар ғалла, 2 гектар пахта, 20 сотих гармхона ва 1 гектар пиёз кишт кардаанд.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид зимни боздид фаъолияти хоҷагиро баланд арзёбӣ намуда, саҳми онро дар таъмини амнияти озуқаворӣ муҳим донист.

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи васеи ҳукумат ироа гардиданд, имсол дар вилояти Хатлон дар майдони 124,5 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад, ки аз он 41 ҳазор гектар бо усули зери плёнка парвариш хоҳад ёфт.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода