Кишти пахта дар «Сарзамини Левакант»: Қадами устувор ба сӯйи ҳосили фаровон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 04 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 151
![]()
4 апрел дар доираи сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо фаъолияти Кооперативи тиҷоратии "Сарзамини Левакант" дар шаҳри Левакант аз наздик шинос шуда, расман ба оғози кишти пунбадона оғоз бахшид.
Тибқи иттилоъ, кооперативи мазкур дорои 232 гектар замин буда, имсол тибқи нақша пурра барои кишти пахта истифода мешавад. Хоҷагидорон бо пайгирии таҷрибаи пешрафтаи кишоварзӣ, ният доранд тухмиҳои хушсифати австралиро бо усули дуқатора кишт намоянд.
Соли гузашта хоҷагидорон аз ин заминҳо то 30-сентнерӣ ҳосил ҷамъоварӣ карданд ва имсол бо истифода аз усулҳои муосири агротехникӣ умед доранд ҳосилнокиро боз ҳам баланд бардоранд.
Раиси вилояти Хатлон зимни суҳбат бо саҳмдорони кооперативи мазкур ба истифодаи самараноки заминҳо таъкид намуда, барои ба роҳ мондани кишти пунбадона бо риояи меъёрҳои агротехникӣ тавсияҳои муфид дод.
Қобили зикр аст, ки дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи васеи ҳукумат садо доданд, имсол дар вилояти Хатлон дар масоҳати 124,5 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад. Аз ин шумора, 41 ҳазор гектар бо усули нави зери плёнка кишт хоҳад шуд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...