Оғози кишти пунбадона дар хоҷагии тухмипарварии ба номи Файзалӣ Саидов
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 04 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 104
![]()
4 апрел раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Кӯшониён бо фаъолияти хоҷагии ёрирасони тухмипарварии ба номи Файзалӣ Саидов шинос гардида, расман ба оғози кишти пунбадона оғоз бахшид.
Хоҷагидорони ин муассиса, ки дар назди Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи «Қурғонтеппа» фаъолият менамояд, кӯшиш доранд бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда кишти пунбадонаро дар муҳлатҳои муқарраршуда ва бо сифати баланд анҷом диҳанд. Барои ин мақсад техникаи кишоварзӣ ва тухмипошакҳои зарурӣ таъмин шудаанд.
Зимни боздид раиси вилояти Хатлон саҳми хоҷагидоронро дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат муҳим арзёбӣ намуда, ба онҳо барои интихоби тухмиҳои хушсифат ва самаранок истифода бурдани заминҳо тавсияҳои муфид дод.
Тибқи иттилои масъулин, масоҳати умумии заминҳои кишти хоҷагии мазкур 4 103 гектарро ташкил дода, аз ин ҳисоб 2 917 гектар барои кишти пунбадона ҷудо шудааст. Дар боқимонда майдонҳо навъҳои гуногуни сабзавот ва ғалладонагӣ парвариш хоҳанд шуд. Имсол хоҷагӣ тухмиҳои навъи туркӣ ва чинӣ кишт намуда, ният дорад бо истифода аз усулҳои пешрафтаи агротехникӣ ҳосили фаровон ба даст орад.
Хоҷагии ба номи Файзалӣ Саидов яке аз калонтарин ва пешқадамтарин хоҷагиҳои ноҳияи Кӯшониён маҳсуб мешавад. Ҳамасола саҳмдорони он бо парвариши зироати босифат дар таъмини амнияти озуқавории кишвар нақши муҳим мегузоранд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00