Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Мубориза бо малах тақвият меёбад


Мубориза бо малах тақвият меёбад



Дар  Ҷамоати  деҳоти  «Машъал»-и  ноҳияи Вахш  таҳти  раёсати  раиси  вилояти  Хатлон Давлаталӣ Саид ҷаласаи Ситоди вилоятии «Мубориза бар зидди малах» баргузор гардид.

Дар  ҷаласаи  корӣ роҳбарони  шаҳру  ноҳияҳои Кӯшониён,  Левакант,  Вахш, Панҷ,  Хуросон,  Қубодиён, Данғара,  Фархор,  Шаҳритус, намояндагони  хоҷагиҳо  ва сохторҳои  марбутаи  вилоятӣ иштирок намуданд.

Зимни баррасии масъалаҳо зикр гардид, ки соли равон низ дар  як  қатор  ноҳияҳои  кӯҳии вилоят  паҳншавии  малахи марокашӣ ба мушоҳида мерасад. Бо дарназардошти хавфи эҳтимолии  он  масъулин  ва-зифадор  шуданд,  ки  фавран тадбирҳои заруриро барои маҳви малах ва ҳифзи майдонҳои кишоварзӣ, чарогоҳҳо ва ҷангалзорҳо амалӣ намоянд.

Раиси вилоят таъкид кард, ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо, бахусус минтақаҳои осебпазир, ситодҳои ноҳиявӣ ва ҷамоатӣ таъсис  дода  шуда,  нақшаи  мубориза  пурра  ва  сари  вақт иҷро  гардад.  Ҳамчунин,  бо  мақсади  омодагии  ҳамаҷониба роҳбарияти  Филиали  Муассисаи  давлатии  «Экспедитсияи мубориза  бар  зидди  малах»  дар  минтақаи  Бохтар  муваззаф  гардид,  ки  харитаи  дақиқи  минтақаҳои  сироятёфтаро таҳия намуда, захираи заҳрхимикатҳо ва техникаи заруриро фароҳам оварад.

Корҳои  кимиёвии  зидди  малахи  марокашӣ  дар  се марҳила  гузаронида  мешаванд.  Ба  гуфтаи  мутахассисон, малахи марокашӣ асосан дар доманакӯҳҳо тухмгузорӣ намуда, баъдан ба заминҳои ҳамвор паҳн мешавад.

Бо  мақсади  коҳиши  хатари  паҳншавӣ  ва  зарари  ин ҳашароти зараррасон Ситоди вилоятӣ бо ҳамаи имкониятҳо чораандешӣ менамояд. Дар ҷараёни ҷаласа раиси вилоят аз  як  қатор  мавзеъҳои  сироятёфта  боздид  намуда,  барои  вусъат додани тадбирҳои зарурӣ супоришҳои мушаххас дод.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода