Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ПАЁМИ ДӮСТ ШУНИДАН САОДАТ АСТУ САЛОМАТ


ПАЁМИ ДӮСТ ШУНИДАН САОДАТ АСТУ САЛОМАТ



МУЛОҚОТИ СЕҶОНИБАИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ ТОҶИКИСТОН, ҚИРҒИЗИСТОН ВА УЗБЕКИСТОН


31  март  дар  шаҳри  Хуҷанди бостонӣ  мулоқоти  сеҷонибаи  сарони давлатҳои  Тоҷикистон,  Қирғизистон ва Узбекистон баргузор шуд.
 
Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Пешвои  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  меҳмонони  воломақомро  самимона истиқбол намуданд ва маросими аксбардории  муштараки  сарони  давлатҳои Тоҷикистон,  Қирғизистон  ва  Узбекистон баргузор гардид.

Дар  оғози  мулоқот  Президенти  кишвари  мо  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  са-рони  давлатҳои  ҳамсояро  самимона 
хайрамақдам гуфта, бори дигар онҳоро бо Ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик намуданд ва изҳор доштанд, ки «ин ҷашн да-воми ҳазорсолаҳо барои таҳкими ҳадафҳои баланди инсондӯстӣ ва эҳтироми ҳамдигар, ҳамбастагӣ ва ризоият хизмат намудааст».

Муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  таъкид намуданд,  ки  «кишварҳо  ва  мардумони моро  риштаҳои  қавии  дӯстии  бисёрсола, накуҳамсоягӣ  ва  рушди  муштарак  бо  ҳам мепайванданд».

«Мо дар Тоҷикистон муносибатҳоро бо Қирғизистон ва Узбекистон, ки бар пояҳои накуҳамсоягӣ,  баробарҳуқуқӣ,  эҳтиром ва  бо  назардошти  манфиатҳои  ҳамдигар асос  ёфтаанд,  баҳои  баланд  медиҳем», -  зикр  намуданд  Пешвои  миллат  зимни суханронӣ.  Дар  идома  Сарвари  давлати мо  рушди  ҳамаҷонибаи  муносибатҳои  се кишварро  «яке  аз  самтҳои  афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон» номиданд.

Президенти  давлати  мо  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  баимзорасии  Шартнома миёни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  Ҷумҳурии Қирғизистон  ва  Ҷумҳурии  Узбекистон  дар бораи  нуқтаи  пайвастшавии  сарҳадҳои давлатии  се  кишварро  «рӯйдоди  бисёр муҳим» арзёбӣ намуданд.

Муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  аз натиҷаҳои пурсамари сафари давлатии ба наздикӣ  анҷомёфтаи  худ  ба  Қирғизистон изҳори  қаноатмандӣ  намуда,  иброз  доштанд,  ки  ҷониби  Тоҷикистон  азм  дорад дар давраи оянда тамоми кӯшишҳоро барои  фароҳам  овардани  заминаи  зарурӣ ҷиҳати  ҳамкории  гуногунҷанбаи  созандаи ду кишвар равона намояд.

Сарвари давлати мо аз имзои Шартнома  дар  бораи  муносибатҳои  ҳампаймонӣ ва  табодули  тасдиқномаҳо  оид  ба  он изҳори  қаноатмандӣ  намуданд  ва  таъкид доштанд,  ки  бо  имзои  ин  санади  таърихӣ «дар  муносибатҳои  Тоҷикистону  Узбекистон  марҳилаи  сифатан  нави  рушд  оғоз ёфт».

Дар идома муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки «мо ба ояндаи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Узбекистон хушбинии баланд дорем».

Дар фарҷоми суханронӣ Сарвари дав-лати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуданд, ки натиҷаҳои мулоқоти имрӯзаи роҳбарони се кишвари ҳамсоя «ба таҳкими  минбаъдаи  дӯстӣ,  муносибатҳои накуҳамсоягӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва эътимоди  мутақобил,  инчунин,  ҳамкории созандаву  муассир  миёни  кишварҳоямон ва мардумони бародар мусоидат менамоянд».

МАРОСИМИ ИМЗОИ САНАДҲОИ СЕҶОНИБАИ ТОҶИКИСТОН, ҚИРҒИЗИСТОН ВА УЗБЕКИСТОН

Пас аз анҷоми музокироти сеҷониба маросими  имзои  Шартнома  миёни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  Ҷумҳурии Қирғизистон  ва  Ҷумҳурии  Узбеки-стон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ва Эъ-ломияи  Хуҷанд  доир  ба  дӯстии  абадӣ баргузор гардид.

Санадҳои  муҳими  таърихӣ  –  Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон  ва  Ҷумҳурии  Узбекистон  дар бораи  нуқтаи  пайвастшавии  сарҳадҳои давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ дар фазои тантанавӣ аз  ҷониби  сарони  давлатҳо  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муҳтарам Садир Жапаров ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба имзо расид.

Сипас,  сарони  давлатҳо  дар  маросими  ифтитоҳи  фосилавии  стелаи  (сутуни) рамзӣ дар нуқтаи пайванди сарҳадҳои давлатии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон иштирок намуданд.

Бо розигии сарони давлатҳо аз ҷониби намояндагони  масъули  ҷонибҳо  иншооти рамзӣ дар фазои тантанавӣ ифтитоҳ ёфт.

Садои  мусиқӣ  дар  майдони  ифтитоҳи иншоот бо истифода аз карнай, сурнай ва дигар  созҳои  миллӣ  ба  маросим  шукӯҳи хосса бахшид.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода