Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ПОЯНДА БОД ДӮСТИИ ХАЛҚҲО!


ПОЯНДА БОД ДӮСТИИ ХАЛҚҲО!



Маросими  имзои Шартнома  миёни Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Ҷумҳурии  Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар  бораи  нуқтаи  пайвастшавии  сарҳадҳои давлатии  се  кишвар  ва Эъломияи  Хуҷанд  доир ба  дӯстии  абадӣ  баргузор гардид.

Имзои  ин  санадҳо  як  рӯйдоди муҳимми  таърихӣ  ва  қадами  устувор дар  таҳкими  эътимоди  ҳамдигарӣ, ҳусни  ҳамҷаворӣ  ва  рушди  устувори минтақавӣ мебошад.

Ин  санадҳои  дорои  аҳамияти  баланди  стратегӣ  масъалаи  муайянсозии  хатти  сарҳадро  миёни  се  киш-вари  бародар  ба  таври  расмӣ  ҳал менамоянд,  ҳамзамон,  заминаҳои боэътимоди сулҳ, амният ва ҳамкории мутақобилан  судмандро  дар  тамоми Осиёи  Марказӣ  таҳким  мебахшанд. 

Ин  иқдоми  бунёдӣ  таҷассуми  иродаи сиёсии  сарони  давлатҳо  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон,  муҳтарам  Садир Жапаров  ва  муҳтарам  Шавкат  Мирзиёев  мебошад,  ки  бо  дидгоҳи  дур-бинона  ва  талошҳои  пайваста  сулҳу суботи пойдорро дар минтақа таъмин месозанд.

Эъломияи  Хуҷанд  ҳамчун  санади таърихӣ рамзи дӯстии ҷовидона миёни мардумони  Тоҷикистон,  Қирғизистон ва  Узбекистон  аст  ва  ба  таҳкими ҳамкориҳои  иқтисодӣ,  фарҳангӣ  ва гуманитарӣ  замина  мегузорад.  Итминон дорам, ки  ин  ҳуҷҷатҳои  муҳим ба  манфиати  мардумони  се  кишвар хизмат намуда, ояндаи минтақаро боз ҳам шукуфотар ва устувортар хоҳанд кард.

Дӯстии  халқҳои  Тоҷикистон, Қирғизистон  ва  Ӯзбекистон  решаҳои амиқи  таърихӣ  ва  фарҳангӣ  дошта, дар тӯли асрҳо ҳамчун рамзи ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ шинохта шудааст. Ин санадҳои  муҳимми  таърихӣ  бозгӯйи иродаи  мардумони  се  кишвар  барои зиндагии осоишта, рушд ва ҳамкории пойдор  мебошанд.  Бигзор  ин  дӯстии бародарона ҳамеша устувор бимонад ва барои наслҳои оянда сулҳу амният ва шукуфоии нав ба армуғон оварад.

Бо  эҳтиром  ва  арзи  сипос  ба роҳбарияти давлатҳои дӯст барои ин ташаббуси  таърихӣ,  орзумандам,  ки равобити  дӯстона  ва  стратегӣ  миёни кишварҳоямон  пояндаву  ҷовид  боқӣ монад.

Н. МАЪМУРЗОДА,  
сармуҳаррири рӯзномаи «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода