Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ХОВАЛИНГ. ГУСЕЛИ ҶАВОНОН БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ


ХОВАЛИНГ. ГУСЕЛИ ҶАВОНОН БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ




Дар ноҳияи Ховалинг маросими гусели ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ баргузор гардид. Дар ҳамоиш раиси ноҳияи Ховалинг Фарухиддин Набизода, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, сокинону меҳмонон ва падару модарони даъватшавандаҳо иштирок карданд.

Нахуст, раиси ноҳияи Ховалинг миннатдории худро ба падару модарони даъватшудагон ҷиҳати тарбияи дурусти фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ расонида, таъкид намуд, ки хизмати Ватан-модар шараф аст ва чи гунае, ки Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд: “Тоҷикистон сарзамини пурганҷ аст, вале боигарии асосии он фарзандони бо нангу номус ва бо фарҳангаш мебошанд”. Пас, ҳар як ҷавонписарро мебояд, ки аз ин мактаби мардонагӣ гузашта, хизмати аскариро ба ҷо оранд.

Зимнан, ҷавонон ва волидайни онҳо суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки ҷавонони имрӯза чун аҷдодони хирадманду қаҳрамонони миллати тоҷик мардонагии ҳақиқиро дар омодагӣ ба ҳифзи Ватан медиданд. Зеро хизмат ба Ватан ба ҷуз адои қарзи шаҳрвандӣ мактаби бузурги ҷавонмардиву садоқат ба Ватан аст.

Ҳамчунин, дар ҳамоиш ба даъватшудагоне, ки курсҳои кӯтоҳмуддати ронандагиро омӯхтаанд, ҳуҷҷати ронандагӣ тақдим гардид.
Зимни суҳбати озод бо наваскарон таъкид гардид, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳимояи Ватан ҳамеша омода бошанд.

А. АБДУЛМАҶИД, 
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода