Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Кишти зери плёнкаи пахта афзун мешавад


Кишти зери плёнкаи пахта афзун мешавад




Дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон кишти пунбадона оғоз гардид. Имсол кишоварзон кишти зери плёнкаро васеъ  менамоянд.  Пахтакорони  вилоят  азм  доранд,  ки  дар 41 ҳазор гектар кишти пунбадонаи зери плёнка гузаронанд.

Раиси  вилояти  Хатлон Давлаталӣ  Саид  зимни  боздид  аз  хоҷагиҳои  пахтакори  якчанд  ноҳия  ба  масъулон  дастур дод,  ки  дар  кишти  пунбадона  аз тухмиҳои  серҳосили  ба  иқлим мутобиқ ва сертификатдошта истифода бурда, дурнамое, ки бар зиммаашон вогузор шудааст, дар муҳлати  муайяншуда  ба  анҷом расонанд.

Таъкид  гардид,  ки  пахтакорӣ яке аз соҳаҳои муҳими кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, рушди он барои таъмини бахши саноати сабук бо ашёи  хом,  ташкили  ҷойҳои  корӣ ва  тақвияти  иқтисодиёти  кишвар  нақши  калидӣ  дорад.  Бо  назардошти  талаботи  бозор  тайи солҳои охир дар ҷумҳурӣ майдони кишти  пахта  васеъ  ва  истеҳсоли он ба маротиб зиёд мешавад.

Ёдовар  мешавем,  ки  имсол дар вилояти Хатлон, дар маҷмуъ, дар  майдони  124,5  ҳазор  гектар  пунбадона кишт карда мешавад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода