Таҷлили бошукӯҳи ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Бохтар
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 26 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 13
![]()
Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.
Дар ин чорабинӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода, раиси шаҳри Бохтар Абдулмаҷид Муминзод ва меҳмонон аз вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок намуданд. Барномаи ҷашн бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва анъанаҳои наврӯзӣ дар майдони «70-солагии водии Вахш» оғоз гардид. Дар ин ҷо ҳунармандони шаҳри Бохтар маҳсули эҷоди худро ба маърази тамошо гузоштанд, ки меҳмонон ба онҳо баҳои баланд доданд.
Сипас, иштирокчиён ба варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав раҳсипор шуданд. Дар ин ҷо нахуст раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид суханронӣ намуда, ҳозиринро бо фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ табрик гуфта, зикр намуд, ки ин ҷашни бузург бо шарофати озодиву соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон на танҳо ба мақоми расмӣ соҳиб гардид, балки бо талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси ҷашни эҳёи табиату зебоӣ мақоми байналмилалӣ касб кард ва имрӯз дар саросари олам таҷлил карда мешавад.
- Яке аз рукнҳои маъмулу писандидаи Наврӯз, ки имрӯз сайри ҷаҳон дорад, ба дидори ҳам расидан, дасти сахову меҳр доштан, оғӯши гарм кушодану даст ба дасти ҳам додан ва ғаразу бухлу кинаро аз қалбҳо берун намудан мебошад. Мардум дар ин рӯз хонаву кошонаи худро сафед мекунанд, сару либоси нав мепӯшанд ва то соли оянда беҳбудиҳои зиндагиро орзу менамоянд. Бахшиши гуноҳҳо, навозиши ятимону маъюбон, аёдати калонсолону беморон, хайру саховат ба дармондагону ниёзмандон ва саҳм гузоштан дар корҳои созандагиву ободгарона – донаи умед коштан, ниҳолҳои босамар шинонидан, тозаву озода кардани хонаву ҳавлӣ ва кӯчаву растаҳо, инчунин, либоси тозаи идона ба бар кардан аз ҷумлаи суннатҳои асосии Наврӯз ба шумор мераванд, - афзуд раиси вилоят.
Муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода низ ба сухан баромада, аз номи Ҳукумати ҷумҳурӣ кулли иштирокдоронро бо ин ҷашни бузург муборакбод намуда, қайд дошт, ки Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашнҳои миллии мардуми мо буда, реша дар умқи таърих дорад. Ин иди бошукӯҳ на танҳо оғози соли нави шамсӣ, балки рамзи эҳёи табиат, дӯстӣ, ваҳдат ва худшиносии миллист.
- Бо фарорасии Наврӯз рӯзҳои гармтар, рӯйидани сабза ва шукуфтани гулҳо башорат медиҳанд, ки ҳаёт боз ҳам зеботар мешавад. Дар ин айём суннатҳои ниёгона-мон, аз қабили оростани хон бо ҳафтсину ҳафтшин, пухтани хӯрокҳои наврӯзӣ, бар-гузор намудани мусобиқаҳои варзишӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ эҳё мегарданд.
Имрӯз Наврӯз на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар бисёр кишварҳои дигар бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад,- иброз дошт С. Зиёзода. -Наврӯзро бояд ҳамчун василаи мустаҳкам кардани дӯстиву рафоқат ва ҳифзи анъанаҳои миллӣ гиромӣ дошт. Бигзор ин ҷашни файзбор ба ҳар як хонадон файзу баракат ва ба ҳар як фарди миллат руҳияи тоза бахшад, - илова кард муовини Сарвазири мамлакат.
Дар идомаи чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони шинохта ва гурӯҳҳои эҷодии вилоят намо-иш дода шуд, ки фазои идонаро боз ҳам рангинтар гардонд.
Н. САИДАБРОР,
«Хатлон»
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...