Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТ: ОЗОДИИ 200 МАҲБУС ҲАМЧУН НИШОНАИ РАҲМУ ИНСОНДӮСТӢ


ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТ: ОЗОДИИ 200 МАҲБУС ҲАМЧУН НИШОНАИ РАҲМУ ИНСОНДӮСТӢ



Ба ифтихори ҷашни Наврӯзи хуҷастапай субҳи имрӯз дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бахшиши ҷазои шахсоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд» аз муассисаҳои ислоҳии ҷумҳурӣ 200 нафар, аз ҷумла 53 нафар зан, 147 нафар мард ва 27 нафар ноболиғон озод карда шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия иттилоъ доданд.
Тибқи ин Фармони Президенти Тоҷикистон, ҷазои 897 нафар маҳкумшудагон бахшида шуда, марҳила ба марҳила аз адои минбаъдаи ҷазо озод карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки бо чунин иқдоми инсодӯстона ва ғамхорию амали бахшида тавонистани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин солҳои соҳибистиқлолӣ то ба қабули фармони навбатии бахшиши ҷазо баъди имзои санадҳои дахлдори афв ва бахшиши ҷазо дар муассисаҳои Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар маҷмуъ нисбат ба 102 ҳазору 671 нафар татбиқ гардидааст, ки аз инҳо 58 ҳазору 233 нафар аз адои ҷазои ҷиноятӣ озод карда шудаанд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода