Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ШАҲРИТУС — ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ ҶАШНИ НАВРӮЗ


ШАҲРИТУС — ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ ҶАШНИ НАВРӮЗ



Имрӯз, 22 март дар варзишгоҳи "Пахтакор"- и ноҳияи Шаҳритус ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид. 

Дар чорабинии тантанавӣ раиси ноҳияи Шаҳритус Абдуллозода Тағой, намояндаи Ҳукумати кишвар Каримзода Тоҷиддин, роҳбарони сохторҳои ноҳия, намояндагони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва кишоварзӣ ширкат варзиданд.

Ҷашн бо боздиди меҳмонон аз гӯшаҳои намоишӣ оғоз ёфт. Дар боғи фарҳангию фароғатии ноҳия гӯшаҳои махсуси «Хони наврӯзӣ», «Ҳафтсин», «Ҳафтшин», намоиши ҳунарҳои мардумӣ, маҳсули заҳмати деҳқонон ва ҳунармандон, таомҳои миллӣ ва либосҳои қадимаи миллии ҷамоатҳои деҳот ва ташкилоту муассисаҳои ноҳия ба намоиш гузошта шуд.

Ҷашн бо суханронии раиси ноҳия Абдуллозода Тағой  оғоз гардида, ҳозиринро ба ифтихори ҷашни бостонии Наврӯз табрик намуданд. Ӯ изҳор дошт, ки Наврӯз барои миллати тоҷик танҳо оғози баҳор набуда,  балки таҷассуми эҳёи маънавӣ, ҳамбастагии миллӣ ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ мебошад. 

Баъдан Каримзода Тоҷиддин намояндаи ҷумҳурӣ суханрониро идома дода ҳозиринро бо ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ табрику таҳният гуфтанд. Ӯ изҳор дошт ки Наврӯз ҳамчун ҷашни бузурги фарҳангии миллати тоҷик реша дар таърихи ҳазорсолаи  дошта, имрӯз бо шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар саросари кишвар, балки берун аз он низ бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад.  

Пас аз суханрониҳои расмӣ, чорабинии фарҳангию фароғати табъи ҳозиринро болида гардониданд.  
  Рамазони МИРЗОМИДДИН 
                      "Хатлон"

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода