Таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Норак ва ноҳияи Данғара
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 23 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 67
![]()
Бо фарорасии фасли зебои баҳор ва ҷашни муқаддаси Наврӯзи байналмилалӣ, дар шаҳри Норак ва ноҳияи Данғара чорабиниҳои идона бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардиданд.
Ин ҷашни пуршукуҳ, ки аз арзишҳои фарҳангиву маънавии ниёгонамон сарчашма мегирад, бо иштироки васеи сокинон, меҳмонон ва намояндагони ҳукумат баргузор шуда, симои аслии суннатҳои наврӯзиро таҷассум кард.
Дар гӯшаҳои идонаи боғҳои марказӣ ва майдонҳои асосии шаҳри Норак ва ноҳияи Данғара , намоиши ҳунарҳои мардумӣ – аз гилембофиву кордсозӣ то кандакориву мисгарӣ — ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Ҳунармандон бо маҳорати хос дар назди чашми меҳмонон ва иштирокчиён ҷараёни омода кардани маҳсули дастии худро намоиш дода, таваҷҷуҳи зиёдро ба худ ҷалб карданд.
Яке аз ҷанбаҳои ҷолиб ва диққатҷалбкунандаи ҷашн, оростани дастархонҳои "Ҳафтсин" ва "Ҳафтшин" буд. Дар ҳар як гӯшаи идона суфраҳое густурда шуда буданд, ки бо рамзҳои анъанавии наврӯзӣ — себ, сир, сина, сирко, сабза, санҷид ва суманак — оро дода шуда, шоҳиди эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои қадимии миллати тоҷик буданд.
Раисони шаҳри Норак ва ноҳияи Данғара дар суханрониҳои худ ба аҳамияти таърихиву фарҳангии Наврӯз таъкид намуда, онро ҳамчун рамзи дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳёи суннатҳои миллӣ ном бурданд.
Барномаи консертӣ бо иштироки ҳунармандони маҳаллӣ ва дастаҳои фолклорӣ ҷашнро ранги тоза бахшид. Суруду рақсҳои мардумӣ, саҳначаҳои театрӣ ва шеърхониҳои наврӯзӣ фазои ҷашниро пур аз шодиву фараҳ намуд.
А. Абдулмаҷид "Хатлон"
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...