Таҷлили ҷашни Наврӯзи оламафрӯз дар ноҳияҳои Ҳамадонӣ ва Восеъ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 23 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 115
![]()
Ба ифтихори ҷашни Наврӯзи оламафрӯз чорабинии тантанавӣ бо иштироки намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ, раисони ноҳияҳо ва дигар меҳмонон баргузор гардид.
Нахуст, меҳмонон аз намоиши дастовардҳои ҳунариву меҳнатӣ, хони ҳафтсину ҳафтшин, мусобиқаҳои варзишӣ, таомҳои миллӣ ва хони наврӯзии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳои гуногуни ноҳия дидан намуданд.
Сипас, раисони ноҳияҳо ва дигар меҳмонон суханронӣ намуда, ҳозиринро бо ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик карда, аҳамияти Наврӯзро ҳамчун василаи дӯстиву ҳамдилӣ ва эҳёи суннатҳои неки ниёгон таъкид намуд.
Зикр шуд, ки таҷлили бошукуҳи Наврӯз нишонаи арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию таърихӣ арзёбӣ кард.
Ҳамчунин, барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони Бахши фарҳанги ноҳияҳо ва ҳунармандони мардумӣ баргузор гардида, ба ҷашн ранги идона бахшид.
Умарҷон ТОШМАТОВ,
"ХАТЛОН"
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00