Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ДАР ДӮСТӢ ҶАШНИ НАВРӮЗ ТАҶЛИЛ ГАРДИД


ДАР ДӮСТӢ ҶАШНИ НАВРӮЗ ТАҶЛИЛ ГАРДИД




Дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Дӯстӣ ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда шуд.

Дар чорабинии идона раиси ноҳияи Дӯстӣ, Даврон Нишонзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Султонзода Сулаймон Саид, директори агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Аваззода Шараф Тавар, сардори Раёсати агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва дигар меҳмонон иштирок доштанд.

Нахуст, меҳмонон аз намоиши дастовардҳои соҳаҳои гуногун ва дастранҷи ҳунармандони чирадасти ноҳияи мазкур, ки дар варзишгоҳи марказии ноҳия ороста шуда буд, дидан намуда ба дастандаркорони он хело баҳои баланд доданд.

Сипас, раиси ноҳияи Дӯстӣ, Нишонзода Даврон Назаралӣ, ба сухан баромада кулли сокинони ноҳияро ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният гуфт.

Дар идомаи чорабинӣ намояндаи Ҳукумати кишвар Султонзода Сулаймон доир ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ, аҳамияту муҳимияти он баромад намуда, зикр намуд, ки ин ҷашни бузург бо шарофати озодиву соҳибистиқлолии мамлакати маҳбубамон на танҳо ба мақоми расмӣ соҳиб гардид, балки бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси ҷашни эҳёи табиату зебоӣ мақоми байналмилалӣ касб кард ва имрӯз дар саросари олам таҷлил карда мешавад.

Дар охири чорабинии барномаи фарҳангии театрикунондашудаи аҳли фарҳангу санъатӣ ноҳияи Дӯстӣ ва як қатор ҳунармандони номдори кишвар хотири ҳамагонро шод намуданд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода