Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Шукуҳи баҳору Наврӯз дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин


Шукуҳи баҳору Наврӯз дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин



Дар рӯзҳои баҳорӣ, ки табиат аз нав эҳё мешавад, дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҷашни бостонии Наврӯз бо шукӯҳи хос таҷлил гардид.

Иди Наврӯз бо намоиши дастовардҳои ҳунарии сокинони маҳаллӣ оғоз ёфт. Меҳмонон бо анъанаҳои наврӯзӣ, аз ҷумла хони ҳафтсину ҳафтшин, суннатҳои миллии мардум, таомҳои наврӯзӣ ва бозиҳои варзишӣ шинос шуданд. Гуштини миллӣ, бандкашӣ ва дигар мусобиқаҳои варзишӣ ба чорабинӣ шукӯҳи хос бахшиданд. Ҳунармандони маҳаллӣ бо намоиши гулдӯзӣ, коркарди чӯбу кулолгарӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ маҳорати хешро ба намоиш гузоштанд.

Дар идомаи чорабинӣ, намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва роҳбарияти ноҳия бо суханони табрикотӣ баромад намуда, аҳамияти Наврӯзро ҳамчун рамзи дӯстӣ, ҳамдилӣ ва арҷгузорӣ ба фарҳангу суннатҳои миллӣ таъкид карданд. Гуфта шуд, ки таҷлили бошукӯҳи Наврӯз барои тақвияти худшиносии миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангӣ муҳим мебошад.

Қисмати фарҳангии ҷашн бо барномаи рангини консертӣ идома ёфт. 

Ҳунармандон бо иҷрои сурудҳои халқӣ ва рақсҳои миллии ҷолиб хотири ҳозиринро болида гардониданд. Ҳавои идона ва шодиву сурури мардум таҷассумгари шукуҳи ин ҷашни қадимаи миллию байналмилалӣ буд.
Умарҷон ТОШМАТОВ,
"Хатлон"

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода