Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Наврӯз дар Қубодиён - ҳамбастагии суннат ва ҷашни анъанаву рушди навин


Наврӯз дар Қубодиён - ҳамбастагии суннат ва ҷашни анъанаву рушди навин



Имрӯз, 23-юми марти соли 2025, дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Қубодиён тантанаҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки васеи сокинон, меҳмонон ва намояндагони ҳукумат бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Дар чорабинӣ раиси ноҳияи Қубодиён Сабурзода Мирзодавлат Абдолӣ, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа ва сардори раёсати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии вилояти Хатлон, Қурбонзода Қурбон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҷашн бо боздиди меҳмонон аз дастархони Наврӯзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, маҳсули заҳмати деҳқонону кишоварзон ва ташкилоту муассисаҳои ноҳия оғоз гардида, меҳмонон аз заҳмати кишоварзон, ҳунармандон ва соҳибкорони маҳаллӣ  дидан намуданд.

 Дар оғози чорабинӣ, раиси ноҳия Сабурзода Мирзодавлат Абдолӣ ҳозиринро ба ҷашни Наврӯзи хуҷастапай табрик намуда, қайд кард, ки ҷашни бостонии Наврӯз рамзи эҳё, ҳамбастагӣ ва сарҷамъии мардуми тоҷик ба шумор меравад. Ӯ ҳамзамон аҳамияти ин ҷашнро дар таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ таъкид намуда, нақши онро дар рушди иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа муҳим арзёбӣ намуд.

Сипас, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ рушд карда, шароити зиндагии мардум рӯз то рӯз  беҳтар гардида истодааст. Ӯ таъкид кард, ки Наврӯз на танҳо як ҷашни миллӣ, балки падидаи фарҳангии умумибашарӣ мебошад, ки пайванди таърихӣ ва фарҳангии халқҳои гуногунро таҳким мебахшад.

Ҷашн бо барномаи рангини фарҳангиву фароғатӣ  идома ёфта, табъи ҳозиринро болида гардонид. Сарояндагон бо таронаҳои ватандӯстона ва суруду рақсҳои анъанавӣ фазои идонаро боз ҳам шукӯҳмандтар намуданд.

Дар доираи ҷашни Наврӯз, меҳмонон якҷо бо роҳбарияти ноҳия дар ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ дар маҳаллу деҳоти ноҳия иштирок намуданд. Бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии мақомоти маҳаллӣ ба ятимони кулл, маъюбон ва оилаҳои ниёзманд кӯмакҳои моддӣ тақдим карда шуд. Ин иқдом ҳамчун рамзи ҳамбастагӣ ва ғамхорӣ нисбат ба қишрҳои осебпазири ҷомеа сурат гирифта, боиси хурсандии ниёзмандон гардид.

Чорабинии Наврӯзӣ дар фазои шодию нишот ва ваҳдату ҳамдилӣ доир гардида, рамзи бунёдкорӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ ва ҳамбастагии мардум гардид. Наврӯз дар Қубодиён бори дигар нишон дод, ки ин ҷашн на танҳо мероси бостонӣ, балки омили таҳкими сулҳу дӯстӣ ва рушди иҷтимоиву иқтисодӣ кишвар мебошад.     

 МУНАВВАРШОИ ЗАФАР  "ХАТЛОН"

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода