Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ҷ. БАЛХӢ. Ҷашни Наврӯз бо расму оинҳои миллӣ таҷлил гардид


Ҷ. БАЛХӢ. Ҷашни Наврӯз бо расму оинҳои миллӣ таҷлил гардид




Имрӯз, 23 март дар Варзишгоҳи марказии "Панҷшер"-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ  ҷашни Наврӯзи ҷаҳонафрӯз бо иштироки раиси ноҳия Руста Холиқзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиҷон Салимзода, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, масъулини ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва сокинони сершумор таҷлил гардид.

Дар оғози чорабинӣ, роҳбарияти ноҳия аз дастовардҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ки дар намоишгоҳ муаррифӣ шуданд, дидан намуда, бо заҳматкашон ва ҳунармандон мулоқот кард. Дар ин намоишгоҳ ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, таомҳои миллӣ ва суннатҳои наврӯзӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Сипас, раиси ноҳия Рустам Холиқзода ба сухан баромада, ҳамагонро бо ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик намуда, таъкид кард, ки ин иди ниёгон на танҳо таҷассуми бедории табиат, балки рамзи ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳёи фарҳанги ғании мардуми тоҷик мебошад.

Сипас, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиҷон Салимзода Паёми шодбошии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мардуми шарифи ноҳия расонида, аҳамияти Наврӯзро ҳамчун ҷашни ҷаҳонӣ ва омили муҳими таҳкими дӯстиву бародарӣ миёни халқҳо таъкид намуд.

Дар идома, аз ҷониби намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба як қатор шахсони фаъол, ки дар рушди ноҳия ва тарғиби анъанаҳои миллӣ саҳми арзанда гузоштанд, бо Ифтихорнома, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо барномаи театрикунонидашудаи бахши фарҳанги ноҳия  хотири ҳозиринро болида гардониданд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода