Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Наврӯзи оламафрӯз дар ноҳияи Муъминобод бо шукуҳу шаҳомат таҷлил гардид


Наврӯзи оламафрӯз дар ноҳияи Муъминобод бо шукуҳу шаҳомат таҷлил гардид




Имрӯз дар ноҳияи Муъминобод ҷашни Наврӯз бо шаҳомати хосса ва бо иштироки намояндагони ҳукумати ҷумҳурӣ, роҳбарияти ноҳия ва сокинони сарбаланди он бо тантана таҷлил гардид.

Нахуст меҳмонони воломақом, аз ҷумла муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси ноҳия, аз хони наврӯзии сокинон дидан намуданд. Дар ҳар гӯшаи маҳаллаҳо ва хиёбонҳои ноҳия сокинон бо дастархони пурнозу неъмат меҳмононро истиқбол гирифтанд. Таомҳои миллӣ, аз ҷумла суманак, оши бурида, шакароб ва дигар анвои хоси Наврӯз ба меҳмонон пешкаш карда шуд.

Дар идомаи чорабинии идона барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ доир гардид. Ҳунармандони маҳаллӣ бо иҷрои сурудҳои наврӯзӣ ва рақсу таронаҳои мардумӣ фазои ҷашнро боз ҳам гарму самимӣ намуданд. Дар баробари ин, намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, ки дар он ҳунармандони ноҳия маҳсули дасти худро ба намоиш гузоштанд, аз ҳунари волои сокинон дарак медод.

Аз анъанаҳои деринаи Наврӯз ин баргузории мусобиқаҳои варзишӣ мебошад, ки дар ин рӯз низ суннат риоя гардид. Паҳлавонони номӣ дар майдони гуштини миллӣ қувваозмоӣ намуда, бозии бузкашӣ ва дигар бозиҳои варзишӣ хотири иштирокдоронро болида сохт.

Дар охир, бо дуои пирони рӯзгор ва таманниёти нек, ҷашни Наврӯз бо шукӯҳ ва ҳамдиливу ҳамбастагӣ ҷамъбаст гардид. Сокинон ва меҳмонон бо рӯҳияи болида ва нияти солими наврӯзӣ пароканда шуданд.

Набиҷони Саидаброр, "Хатлон"

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода