ҶОМӢ: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР НАЗДИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №15
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 24 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 34

Имрӯз, 24 март, зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ дар деҳаи Навбаҳори Ҷамоати деҳоти “Дӯстӣ”-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 бинои иловагиро мавриди истифодабарӣ қарор доданд.
Тавре ки аз шӯъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба мо иттилоъ доданд бинои иловагӣ аз тарафи падару модарон ва шахсони саховатпеша бо маблағи умумии 1 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.
Бинои иловагӣ аз ду ошёна ва 8 синфхона иборат буда, барои 400 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Бо васеъ гардидани ҳудуди маҳаллаи аҳолинишин ва сол аз сол зиёд гардидани шумораи хонандагон зарурияти сохтани синфхонаҳои иловагӣ ба миён омада буд.
Синфхона ва роҳравҳои бинои нав бо шиору навиштаҷотҳои таълимию тарбиявӣ оро дода шуда, намои бино зебо ва ба таври замонавӣ рангубор карда шудааст. Синфхонаҳо ба мизу курсӣ ва тахтаи синфӣ таъмин карда шуда, барои таҳсил пурра омода мебошад.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо омӯзгорони муассисаи таълимӣ вобаста ба дастуру супоришҳои Роҳбари давлат дар самти баланд бардоштани сифати таҳсилот, мустаҳкам намудани ҳамкории падару модар бо муассисаи таълимӣ ва бештар намудани натиҷаҳо дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ суҳбат оростанд.
Раиси вилоят иқдоми мардум ва соҳибкорони баномусро шоистаи таҳсин хонда, намунаи олии ватандорӣ арзёбӣ намуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маориф, таълиму тарбияи насли наврас ва муҳайё кардани шароити мусоиди таълимро дар мадди аввал гузоштааст. Ин аст, ки ҳамасола биноҳои наву замонавӣ бо шароити мусоиди таълим фароҳам мегарданд.
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...