РОҲ БА СӮИ ФИНАЛ: «ҲУЛБУК» ҒАЛАБА КАРД ВА БА ДАВРИ ФИНАЛӢ РОҲХАТ ГИРИФТ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 25 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 52
![]()
Имрӯз, 25.03.2025 даври нимниҳоии мусобиқаи футболи наврасон барои дарёфти Ҷоми рӯзномаи «Хатлон» дар минтақаи Кӯлоб ҷамъбаст гардид. Бозии мазкур миёни дастаҳои «МДММФ-и Кӯлоб» ва «Ҳулбук»-и Восеъ баргузор шуда, бо рақобати пуршиддат ва ҳаяҷоновар ҷараён гирифт.
Футболбозони ҳарду даста нишон доданд, ки барои расидан ба марҳилаи ниҳоӣ омодагии ҷиддӣ дидаанд. Бо вуҷуди талоши дастаи «МДММФ-и Кӯлоб», бозӣ бо ҳисоби 7:4 ба нафъи «Ҳулбук»-и Восеъ анҷом ёфт.
Акнун «Ҳулбук» ба финали мусобиқа роҳ ёфта, барои дарёфти Ҷоми «Хатлон» талош хоҳад кард. Бозии ҳалкунанда рӯзи 27 марти соли 2025 дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар баргузор мегардад.
Мавриди зикр аст, ки финали мусобиқа дар сатҳи баланд баргузор мегардад, зеро беҳтарин дастаҳо барои унвони чемпионии мусобиқа мубориза мебаранд.
Умарҷон ТОШМАТОВ,
"ХАТЛОН"
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00