ДАР ЯК САТР
Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » НАВРӮЗ МУБОРАК!


НАВРӮЗ МУБОРАК!




ҲАМДИЁРОНИ АЗИЗ,

Ба ифтихори фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ аз номи аҳли эҷоди рӯзномаи «Хатлон» Шуморо самимона таҳният гуфта, ба хонадонатон сулҳу сафо, тандурустӣ, файзу баракат ва комёбиҳои беназир таманно дорем.

Наврӯз, ки рамзи эҳёи табиат, сарсабзию ободӣ ва ҳамдилии инсонҳо мебошад, ҳамеша ба дилҳои мо гармӣ мебахшад ва ба зиндагии ҳар яки мо шукӯҳи тоза меорад. Ин ҷашни бостонӣ баёнгари ҳувияти миллии мост ва моро ба арҷгузорӣ ба фарҳангу анъанаҳои волои аҷдодӣ ҳидоят мекунад.

Бигзор Наврӯз ба Тоҷикистони маҳбубамон файзу баракат оварда, рӯзгори мардумро ободтар ва қалбҳоро пурнур гардонад. Дар соли наврӯзи нав ба Шумо рӯзгори хуш, умри бобаракат ва саодати ҳамешагӣ орзу дорем.

Наврӯзатон ҳумоюн бод!

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода