ДАР ЯК САТР
Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ СЕЮМИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ МИЁНИ НАВРАСОН БАРОИ ДАРЁФТИ ҶОМИ РӮЗНОМАИ "ХАТЛОН"


ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ СЕЮМИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ МИЁНИ НАВРАСОН БАРОИ ДАРЁФТИ ҶОМИ РӮЗНОМАИ "ХАТЛОН"



Имрӯз дар минтақаи Бохтар даври сеюми мусобиқаи футбол миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми рӯзномаи "Хатлон" бо рақобати пуршиддати дастаҳои беҳтарин баргузор гардид. Дастаҳои иштироккунанда бо маҳорати баланд ва руҳияи варзишӣ барои роҳхат гирифтан ба даври ниҳоӣ талош карданд.

Дар бозии имрӯза рақобати дастаҳои "Ломоносов" бо "Панҷшер", "Бешкент" бо "МДМВ #1", "Ҷайҳун" бо "Вахш" ва "Ҷ. Балхӣ" бо "Ҷавонон" миёни ҳам сурат гирифтанд ва бо чунин натиҷа ба анҷом расиданд:

"Ломоносов" 1:0 "Панҷшер" 
"Бешкент" 3:0 "МДМВ #1" 
"Ҷайҳун" 5:0 "Вахш" 
"Ҷ. Балхӣ" 3:1 "Ҷавонон" 

Ин натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки дастаҳои пешсаф бо омодагии ҷиддӣ ва руҳияи хуб ба майдон баромада, барои расидан ба марҳилаи ниҳоӣ талош доранд.

Дар даври ниҳоии мусобиқа ба ҳар як даста барору комёбӣ мехоҳем.

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода