Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Пиряхҳоро бояд ҳифз кард


Пиряхҳоро бояд ҳифз кард




Ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби СММ пазируфта шуд, ки соли 2025  -  Соли  байналмилалии  ҳифзи  пиряхҳо  ва  21-уми  март  ҳамчун  “Рӯзи  ҷаҳонии  пиряхҳо”  эълон гардид.

Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи пиряхҳо пешниҳод намуд, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шавад. Ин ташаббус, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешбарӣ шуда буд, ба хавфи муташанниҷ гардидани вазъияте вобаста мебошад, ки миллиардҳо одамон аз истеъмоли оби тоза маҳруманд. Мувофиқи маълумоти  омор,  нисфи  аҳолии  ҷаҳон  бо  сабаби  олуда  гаштани  об  дар  шароити  зиддисанитарӣ зиндагӣ мекунанд.

Баландшавии  ҳарорати  ҳаво  ба 2-3°С ҷараёни таназзули яхбандиро пурзӯр мегардонад. Тибқи арзёбиҳо дар  Тоҷикистон  ҳазорҳо  пиряхҳои хурд об мешаванд. Масоҳати тамоми  яхбандиҳои  мамлакат  ба  20% кам  шуда  метавонад.  Дар  давраи ибтидоӣ  ба  обшавии  пиряхҳо,  ба зиёдшавии  обхезӣ  мусоидат  намуда, аз ҷумла камшавии оби дарёҳои дигарро  ҷуброн  мекунанд,  баъдан камшавии об дар аксари дарёҳо ба миён меояд.

Дар қаламрави Тоҷикистон тайи 30 соли охир аз 14000 пирях ҳазор адади  он  ба  пуррагӣ  нобуд  шудааст. Ин дар ҳолест, ки имкониятҳои Тоҷикистон  аз  лиҳози  истифодаи иқтидорҳои  саноатӣ  дар  минтақа ҷои  намоёнро  ишғол  менамояд, манбаҳои  асосии  партови  газҳои зарарнок ба ҳаво чандон зиён надорад ва 98% энергияи барқи кишвар дар неругоҳҳои барқи обӣ – манбаи аз лиҳози экологӣ тоза истеҳсол мешавад.

Тоҷикистон  яке  аз  кишварҳои кӯҳсор  дар  кураи  Замин  ба  ҳисоб рафта,  беш  аз  нисфи  қаламрави он дар баландиҳои на кам аз 3000 метр  аз  сатҳи  баҳр  воқеъ  гардидааст. Пиряхҳои калон ва хурдаш дар баландкӯҳҳо ҷойгир буда, масоҳати умумии  онҳо  8476  км2-ро  дар  бар мегирад.  Захираҳои  умумии  со-лонаи  обҳои  пиряхҳои  Тоҷикистон 460  км3-ро  ташкил  мекунанд.  Шу-мораи кӯлҳои хурду бузург ба 1300 ва  захираи  умумии  обашон  ба  50 км3 мерасад. Боришоти атмосферӣ сарчашмаҳои  асосии  захираҳои обҳои Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки ба ҳисоби миёна миқдори боришот дар минтақаҳои кишвар ба 98,8 млрд м3 мерасад. Шумораи дарёҳои Тоҷикистон, ки беш аз 10 км дарозӣ доранд,  ба  947  мерасад.  Калонтарин  дарёҳои  кишвар  Панҷ,  Вахш, Сирдарё,  Зарафшон,  Кофарниҳон, Қизилсу,  Қаратоғ,  Сурхоб,  Ванҷ, Бартанг,  Ғунд,  Оби  Хингоб,  Помир ва Язғулом ба шумор мераванд.

Сарчашмаи  оби  кӯлҳои Тоҷикистон пиряхҳо ба шумор рафта,  калонтарин  кӯлҳои  Тоҷикистон -  Сарез,  Қарокӯл,  Зоркӯл, Искандаркӯл, Яшилкӯл, Булункӯл ба шумор мераванд.

Имрӯзҳо  145  кишвари  олам аз  дарёҳои  сарҳадгузар  истифода  карда,  21-тои  онҳо  дар  ҳавзаи дарёҳои сарҳадгузар қарор доранд. Тоҷикистон  дар  минтақа  давлатест, ки  бо  захираҳои  бузурги  обӣ  дар саргаҳи дарёҳои сарҳадгузар қарор дорад  ва  бо  пиряхҳои  азимаш  бузургтарин  иқтидори  гидроэнергети-киро дар минтақа ва ҷаҳон касб намудааст.

Пиряхҳои  кӯҳӣ  ва  рӯизаминӣ, пиряхҳои  сатҳи  хушкиро  вобаста ба  андоза  ва  хусусияти  мавқеву ҷойгиршавиашон  ба  ду  гурӯҳи  калон  ҷудо  мекунанд:  пиряхҳои  кӯҳӣ ва  пиряхҳои  рӯизаминӣ.  Пиряхҳои рӯизаминӣ  дар  минтақаҳои  қутбӣ паҳн гардидаанд. Мисалан; андозаи онҳо бузург буда, масоҳати хеле калонро  ҳамчун  сипар  пӯшонидаанд. Пиряхи  рӯизаминӣ  қариб  тамоми сатҳи Антарктидаро фаро гирифтааст.

Вақтҳои  охир  аз  байнравии пиряхҳо  мутахассисон  ва  ҷомеаи ҷаҳониро  ба  ташвиш  овардааст. Аз  ҷумла  тибқи  хулосаҳои  маркази пиряхшиносии  Академияи  миллии илмҳои  Тоҷикистон  маълум  гардидааст, ки (ҳангоми муқоисаи аксҳои фазоии  даҳаи  1960  ва  солҳои охир  пиряхҳои  Тоҷикистон)  коҳиши ҷиддии  майдони  ин  пиряхҳо  ба вуҷуд омадааст.

Раванди тағйирёбии иқлим бои-си  обшавии  босуръати  пиряхҳо гардида,  ба  ҳаҷми  оби  дарёҳо  ва ба  ин  васила,  ба  бахшҳои  асосии иқтисоди  миллӣ,  аз  қабили  гидроэнергетика,  кишоварзӣ  ва  саноат  таъсири манфӣ мерасонад.

Мушоҳидаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки тағйирёбии иқлими минтақаҳо ба вазъи аксари системаҳо аллакай таъсири  худро  расонидаанд:  ихтисори  сатҳи  пиряхҳо, обшавии  яхбастагии  абадӣ,  тағйирёбии  баланди қабатҳои  растаниҳо  ва  ихтисори  популятсияҳои  баъзе намудҳои растаниҳо ва ҳайвонот.

Олимон таъкид мекунанд, ки чаҳор давраи яхбандӣ буд: 1) 880 ҳазор; 2) 185 ҳазор; 3) 63 ҳазор; 4) 10 ҳазор сол  пеш.  Аммо  дар  атласи  Тоҷикистон  ҳамагӣ  ба  ду яхбандӣ ишора шудааст-Тупчоқ ва Лахш. Яке аз олимони Россия исбот мекунад, ки дар Осиёи Миёна танҳо як яхбандии калони қадима (бист ҳазор сол пеш) буд. Маҳз баъд  аз  он  сойҳо,  моренаҳо  ва  нишонаҳои  сарҳадҳои қадимаи  пиряхҳо  дар  рӯи  яхбандиҳо  боқӣ  мондаанд. Кори мазкур на ба гузашта, балки ба ҳозира ва ояндаи яхбандиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.

Яке  аз  мушкилоти  дигари  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ин бо  сабаби  таъсири  тағйирёбии  иқлим  ба  обшавии  босуръати  пиряхҳо  буда,  ба  ҳаҷми  оби  дарёҳо  ва  ба  ин васила, ба бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ, аз қабили гидроэнергетика, кишоварзӣ ва саноат таъсири манфӣ мерасонад.

Дар интиҳо қайд кардан зарур аст, ки Тоҷикистон аз захираҳои об бой аст, аммо дар мамлакат нигоҳдории табиии  захираҳои  об,  ба  истиснои  пиряхҳо,  иқтидори хеле паст дорад. Агар гармшавии ҷаҳонӣ вусъат ёбад, пиряхҳо ихтисор гашта, ҷараёни об меафзояд ва барои истифодаи  захираҳои  об  саъю кӯшиши бештар талаб карда мешавад.

Ф. Қувватов,
омӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода