Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ҳазли беҷо


Ҳазли беҷо




Саид  табиатан  ҷавони  шӯху  чақ-чақӣ  аст. Ҳатто пай бурдан душвор аст, ки ӯ кай ҷиддӣ сухан  мегӯяду  кай  ҳазл  мекунад.  Дар  ҳар  ду маврид ҳам қиёфааш тағйир намеёбад. Вай бо ҳазлҳояш  бисёр  мавридҳо  дар  вазъияти  ногувор меафтад.

Дар  зер  ду  ҳазли  ӯро  ба  қалам  медиҳем,  ки барояш  гарон  афтода.  Таъкид  мекунем,  ки  ин воқеаҳо дар даврони Иттиҳоди Шуравӣ рух додааст

Раисро ҷазо доданд


Саид  дар  ноҳияи ҳамсоя  роҳбари  идораи  сохтмонӣ шуда кор мекард. Рӯзе дар ошхона, вақти  хӯроки  нисфирӯзӣ,  муаллими шиносаш Боқиро вохӯрда монд. Қиёфаашро  ғамгин  гирифта,  ба  ӯ гуфт:

-Кори  хуб  нашудааст,  бечо-ра  ҷавонмарг  шуд.  Бандагӣ-да, бандагӣ!  Худо  раҳматаш  кунад,-гӯён  ҷавоби  ҳамсуҳбаташро  интизор нашуда пурсид:-Муаллим, шумо ба ҷанозааш меравед?

Боқӣ аз ин хабари ногаҳонӣ якбора  худро  гум  кард.  Намедонист чӣ ҳодиса рӯй додаву ба ҷанозаи кӣ бояд равад?

-Раис,  нафаҳмидам,  ҷанозаи кӣ?

-Ҳоло  хабар  надоред  магар? О,  Собиралии  муаллим,  ҳамон ҳамдеҳаатон,  як  соат  пештар  дар садамаи  нақлиётӣ  афтода,  бечора фавтидааст.

-Наход?  Ҳоло  аз  ин  воқеа ҳамдеҳагон,  хешу  табор  бехабаранд (муаллим Собиралӣ ҳамдеҳа, хеши  наздики  Боқӣ  аст  ва  ӯ  чанд сол  боз  дар  ҳамсояноҳия,  ноҳияе, ки  Саид  зиндагӣ  мекунад,  кору  сукунат дорад). – Боқӣ саросема шуд ва хӯрокашро ба даҳон набурда, бошитоб аз ошхона баромад.

Ҳамдеҳагон  автобус  киро  карда,  ба  хонаи  Собиралӣ  омаданд. Он ҷо ҳама оромӣ, касе дида намешуд. Онҳо вориди ҳавлии Собиралӣ шуда, ҳамсарашро ором диданд.

-Келин,  муаллим  ҳастанд?-оромии занро дида пурсид Боқӣ.

-Марҳамат,  ба  хона  дароед, вақти  омаданашон  ҳам  шудагӣ,-бо чеҳраи кушода меҳмононро таклиф намуд зан.

-Ташаккур келин, ба бозор омада  будем,  як  сари  қадам  шуморо ҳам  бинем  гуфтем,-дудила  ҷавоб дод Боқӣ ва худ ба худ андешид, ки оилаи Собиралӣ ҳанӯз аз воқеа дарак надорад. Ҳоло ба ӯ чизе гуфтан лозим  нест,  зеро  ӯ  тифли  навзод дорад, аз ин шумхабар тарсиданаш мумкин.

Онҳо  ба  автобус  савор  шуда, ба роҳ баромаданӣ буданд, ки худи Собиралӣ  ҳам  омад.  Ӯ  сиҳату  саломат буду табъӣ болида дошт. Аз омадани ҳамдеҳагони худ хурсанд гашт.  Аҳли  автобус  дар  ҳайрат монда,  байни  худ  ба  пичир-пичир даромаданд.  Боқӣ  зуд  дарк  кард, ки  Саид  ҳазл  кардааст.  Ба  ҷаноза омадагон қарор доданд, ки раисро “ҷазо”  диҳанд.  Онҳо  сарҷамъ  ба хонаи  раис  омада,  то  сари  бегоҳ меҳмони ӯ шуданд. Раис барояшон чорво кушту зиёфат дод...

Гандумбирён коштанд

Саид ду сол боз дар қарибиҳои хонааш  як  гектар  замин  иҷора  гирифта,  гандум  кишт  мекард.  Соли аввал  ҳосили  хуб  гирифт.  Рафиқи ҳамсоязаминаш  инро  дида, мавсими  кишти  навбатӣ  сирри фаровонҳосилиро  аз  Саид  пурсон шуд. 

Саид боз ҳазл кард:

-Порсол  гандумро  бирён  карда коштам,  ҳосилаш  фаровон  шуд,-гуфт ӯ.

-Э, қоил кардед, раис, шӯхиҳои заминӣ  кунед,-хандида  гуфт ҳамсоя.

-Ҷойи  ҳазлаш  нест,  ҳамсоя. Гандумро  бирён  карда  корӣ, ба  ҳашароту  сардӣ  тобовар меомадааст,-гуфт Саид бо ҷиддият ва  нигоҳи  ҳамсояро  ба  дигар  тараф ҷалб намуда, аз ҷайбаш ду-се каф  гандумбирён  бароварда,  зери пойҳои ӯ партофт.

-Бовар накунед, худатон бинед, имсол ҳам гандумбирён коштам. Ҳамсоя  нобоварона  хам  шуда, аз замин чанд дона гандумро ёфта, зери  дандон  монд.  Дар  ҳақиқат, Саид рост мегуфт. Бо ҳамин суҳбати онҳо дар ин хусус қатъ гардида, аз пайи кор шуданд. Саид ин ҳазли худро фаромӯш кард. Тасаввур наме-кард,  ки  ҳамсоя  онро  ҷиддӣ  қабул менамояд.  Баъди  як  ҳафта  онҳо дар сари замин вохӯрданд.

-Раис,  ман  низ  гуфтаи  шуморо кардам.  Ду  халта  гандумро  бирён карда,  ба  замин  партофтам.  Худо хоҳад,  ҳосили  хуб  мегирем,-гуфт ҳамсоя. 

Саид ҳазли кардаашро ба ёд оварду шах шуда монд. Сирро кушояд, ҳамсоя аз ӯ як умр хафа мегардад. Хомӯш монд. “Маслиҳат”- и додааш дарди сараш шуд.

Саид  бегоҳии  ҳамон  рӯз,  аз ҳамсоя пинҳонӣ, трактор киро карда, аз ҳисоби худ ба замини ӯ ду-бора  гандум  кишт  кард.  Ҳосили ҳамонсола  хеле  хуб  шуд.  Ҳамсоя ба  Саид  барои  “маслиҳат”-и  дода миннатдорӣ менамуд. Саид бошад, ҳазли кардаашро ба ҳамсоя иқрор шуд.  Дар  акси  ҳол  маҷбур  буд,  ки ҳар  сол  баъди  кишти  ҳамсоя  дар заминҳои ӯ боз кишти гандум гузаронад...

С. АТТОР,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода