ДӮСТИИ ХАЛҚҲОИ ТОҶИКУ ҚИРҒИЗ - РОҲ БА СӮЙИ ОЯНДАИ НЕК
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 13 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 163
![]()
Аҳли эҷоди рӯзномаи «Хатлон» сафари давлатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Ҷумҳурии Қирғизистон ва натиҷаҳои бобарори он, аз ҷумла имзои 16 созишномаи байнидавлатӣ ва кушода шудани сарҳадҳо миёни ду кишварро, ҳамчун як рӯйдоди таърихӣ ва бесобиқа бо ҳисси қаноатмандӣ ва шодию сарфарозӣ истиқбол менамоянд.
Ифтихоровар аст, ки Сарвари давлати моро дар фурудгоҳи Бишкек Президенти Қирғизистон Садир Жапаров гарму самимӣ, дӯстона, бо иззату эҳтироми баланд ва ба таври мутантан пешвоз гирифт.
Имзои созишномаҳо ва кушодани дарҳои сарҳад ба рӯйи ҳамдигар, азсаргирии хатсайрҳои ҳавоӣ миёни Душанбе ва Бишкек, истиқрори бародаршаҳрии пойтахтҳои ҳар ду давлат ташаббуси созанда буда, на танҳо иродаи қавии сиёсиву дипломатии роҳбарони ду кишварро нишон медиҳад, балки барои таҳкими дӯстии абадӣ, эътимоду ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанба миёни ду халқи бародар – тоҷику қирғиз заминаи мустаҳкам мегузорад.
Дӯстии халқҳои тоҷику қирғиз, ки решаҳои амиқи таърихӣ ва фарҳангии муштарак дорад, ҳамеша асоси устувории робитаҳо ва ҳамкориҳои созанда буда, бо эҳтироми мутақобил ва ҳамдигарфаҳмӣ таҳким меёбад. Мо соҳиби таърих ва арзишҳои муштарак ҳастем, ки омили муҳим дар таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати байни халқҳоямон мебошад.
Кушода шудани сарҳадҳо барои рушди робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ имкониятҳои нав фароҳам меорад ва ба беҳдошти некӯаҳволии мардумони ҳарду ҷониб мусоидат мекунад. Инчунин, он ҳамчун омили муҳими таъмини амният ва субот дар минтақа хизмат хоҳад кард.
Бо итминон метавон гуфт, ки имзои созишномаҳои байнидавлатӣ роҳи навро барои рушди ҳамкориҳои мутақобилаи ду кишвар мекушояд ва ба таҳкими дӯстӣ, ваҳдат ва ҳусни ҳамҷаворӣ мусоидат менамояд.
Саҳми Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳ, амният ва дӯстии халқҳои тоҷику қирғиз ниҳоят бузург ва таърихист.
Таърихи муносибатҳои ду халқи бародар дар давраҳои гуногун шебу фарозҳои зиёдро паси сар кардааст. Бо вуҷуди ин, ба шарофати сиёсати хирадмандона ва талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат, муваффақиятҳои назаррас дар ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ ва барқарории эътимоду ҳамдигарфаҳмӣ ба даст омаданд.
Пешвои миллат ҳамеша таъкид менамоянд, ки сулҳу амният ва ҳамкории созанда асоси пешрафт ва шукуфоии ҳар як миллат аст. Бо сабру таҳаммул ва иродаи қавӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд боварии роҳбарияти кишвари ҳамсояро ҷалб намуда, заминаҳои ҳалли мусолиматомези баҳсҳои мавҷударо фароҳам созанд. Тавре шоир мегӯяд:
Бори дигар сулҳ кардӣ ҷангро,
Боз кардӣ ин гиреҳи тангро,
Эй мураббӣ, эй абарустоди сулҳ,
Бар ҷаҳон омӯз ин фарҳангро!
Имрӯз бо шарофати ин талошҳо мардуми тоҷику қирғиз бо эҳсоси дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми мутақобил дар фазои сулҳу оромӣ кору зиндагӣ доранд. Ин дастоварди бузург на танҳо ба манфиати ду кишвар, балки барои субот ва амнияти тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ низ аҳамияти калон дорад.
Бо изҳори сипосу миннатдорӣ ба Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони ҳамсоякишвар барои талошҳои созандаашон, таманнои муваффақиятҳои нав дар роҳи таҳкими муносибатҳои дуҷониба дар рӯҳияи дӯстӣ ва бародарӣ дорем.
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...