Прокуратура дар замони Истиқлоли давлатӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 13 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 239
![]()
Бо ба даст овардани Истиқлоли давлатии кишвар 9-уми сентябри соли 1991 дар баробари дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомиву қудратӣ ва мақомоти судӣ, ҳамчунин мустақилияти пурраи прокуратураи Тоҷикистони тозаистиқлол низ таъмин гардида, имкон пайдо гашт, ки вазифаҳо ва самтҳои асосии фаъолияти он бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ, вазъи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар кишвар муайян карда шаванд.
14 марти соли 1992 бошад, се санади ҳуқуқии барои прокуратураи тоҷик тақдирсоз қабул гардидаанд, ки заминаи ҳуқуқии ин мустақилият ва ба мақомоти олии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда будани он муқаррар карда шуд.
Аз ҷумла, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуда, мутобиқи он мансаби Прокурори генералӣ таъсис дода шуд.
Муқаррар карда шуд, ки Прокурори генералӣ бо розигии Президенти мамлакат аз ҷониби шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуда, дар назди он масъул ва ҳисоботдиҳанда мебошад ва худи хамон рӯз бо Қарори шурои Олӣ аввалин Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқшиноси варзида, мушовири давлатии адлияи дараҷаи сеюм, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, шодравон Нурулло Ҳувайдуллоев таъин гардида буданд.
Дар ҳамин сана бо Қарори шурои Олии мамлакат лоиҳаи Қонун «Дар бораи Додситонии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар хониши аввал қабул гардид, ки он вазифаҳо, принсипҳои ташкил, фаъолият, низом, сохтор ва самтҳои асосии фаъолияти прокуратураи Тоҷикистонро муайян менамуд.
Бо дарназардошти аҳамияти ин рӯйдодҳо дар ҳаёти прокуратураи мамлакат 14 марти соли 1992 ҳамчун рӯзи таъсисёбии прокуратураи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳисобида шуда, 8 августи соли 2015 бошад, бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» санаи 14 март «Иди касбии кормандони прокуратура» эълон карда шуда, то ба инҷониб дар ҳамин рӯз Иди касбии кормандони ин мақомот ҷашн гирифта мешавад.
Прокуратураи вилояти Хатлон ва роҳбарияти он аз рӯзҳои аввали ба кор шуруъ намудани прокуратураи вилояти навтаъсис, диққати асосиро ба ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза алайҳи ҷинояткорӣ равона намуда, кормандони он тавонистанд, ки охири соли 1992 ва дар ибтидои соли 1993 фаъолияти худро пурра ба роҳ монда, баҳри пешгирии ҷинояткорӣ дар марзи вилоят чораҳои судмандро андешанд.
Маҳз кори шабонарӯзии кормандони прокуратураи вилоят, прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳо дар якчоягӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят имконият дод, ки дар соли вазнини 1993 вазъи сиёсӣ то андозае ба эътидол омада, пеши роҳи ҷинояткорӣ гирифта шавад ва то андозае волоияти қонун ва руҳияи мардум баланд бардошта шавад.
Аз ҳама муҳим мардум ҳис намуд, ки давлату давлатдорӣ мавҷуд буда, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, суд, сохторҳои низомиву қудратӣ фаъолият доранд ва ка-фолати пурраи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо воқеан мавҷуд буда, моликияташон пурра ҳифз карда мешавад.
Хотиррасон бояд намуд, ки барои ба боварии мардум даромадан ва то андозае пешгирӣ намудани ҷинояту ҷинояткорӣ, алалхусус ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, аз қабили одамкушӣ, роҳзанӣ, ғоратгарӣ ва дигар амалҳои зишт аксар вақт кормандони прокуратура дар якчоягӣ бо кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷони худро зери хатар гузошта, ҷиҳати ошкор намудани ашхоси ҷинояткор тамоми чораҳоро меандешанд.
Дар солҳои вазнини 1992-1993 дар прокуратураи вилоят ва прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳо ва солҳои баъдина як қатор кормандони соҳибкасб, таҷрибанок ба кор ҷалб шуда, онҳо тавонистанд, ки низоми қонуният ва тартиботи ҳуқуқиро ҷорӣ намоянд.
Аз ҷумла, чунин соҳибкасбон, ба монанди Бобохонов Бобоҷон Каримович, Ҷумаъев Сафаралӣ, Одинаев Бедилхон, Иззатов Авзалалӣ, Ҳисориев Маҳмадамин, шамсов Пирмаҳмад, шамсов А., Ғуломов Раҷабалӣ, Ҳусейнзода Юсуф, Азизуллоев Амонулло, Зайниддинов шамсиддин, Салихов Рустам, Давлатов Саидҷон, Азимов Толибҷон, Раҳимов Абдулхайр, Вилоятов Иноятулло, шарифзода Муҳибулло, Насимов Фаррух, Пиров Гулмаҳмад, Каримов Самиҷон, Аброров Акбар, Саидов Рустам, Сафаров Абдуфаттоҳ, Хушназаров Ҳасан, умурзоқов Гулбаҳор, Холиқов Раҳим, шарбатов ширин, Қарақулов Ниёз, Хоҷаев Абдусаттор, Мирзоев Ҳомидҷон, Ҳабибов Рустам, Сафаров Талбон, Юлдошев Раҷабалӣ, Зайниддинов Варқа, Фатҳуллоев Мирзо ва дигарон дар он давраҳои вазнин ҷавонмардона фаъолият намуда, назорати прокурориро дар хамаи самтҳо ба таври дахлдор ба роҳ мондаанд.
Дар замони Истиқлоли давлатӣ прокуратураи вилоятро роҳбарони кордону ботаҷриба ва содиқ ба халқу миллат Бобохонов Бобоҷон Каримович, Имомов Азизмад Холматович, Холов Абдусаттор, Охунов Фозилҷон Пулотович, Нурзода Сироҷиддин, Маҳмудзода Насрулло Раҳматҷонович ва дигарон роҳбарӣ намуда, ҳамчун прокуророни вилоят тавонистанд, ки фаъолияти кории дастгоҳи марказии прокуратураи вилоят ва прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳо ба таври дахлдор ба роҳ монда шуда, низоми волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ дар вилоят таъмин карда шавад.
Дар даврони Истиқлол бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фаъолияти самараноки прокуратура заминаҳои устувори ҳуқуқӣ ташаккул дода шуда, ҷои он дар низоми мақомоти давлатӣ муайян ва ваколатҳои он дақиқ карда шуданд. Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хидматҳои кормандони мақомоти прокуратураро дар назди давлат ва миллат борҳо қайд карда, аз ҷумла, 24 декабри соли 2004 дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 80- умин солгарди прокуратура изҳор доштанд: «Кормандони прокуратура ҳанӯз аз ибтидои таъсисёбии он ба шароити вазнини сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии он солҳо нигоҳ накарда, вазифаҳои хизматии худро бо ҳисси баланди масъулият, кордонӣ ва садоқат ба халқу Ватан иҷро карда меоянд». Бо дастгириҳои бевоситаи роҳбарияти олии сиёсии кишвар музди меҳнати кормандони прокуратура якчанд маротиба баланд бардошта шуда, барои фаъолияти самараноки онҳо тамоми шароитҳо муҳайё карда шудааст. Қариб, ки дар аксарияти шаҳру ноҳияҳо барои кормандон ҳуҷраҳои истиқоматии хизматӣ ҷудо карда, як қисмати зиёди онҳо бо манзили истиқоматӣ таъмин карда шудаанд. Кормандони мақомот ҳамзамон бо воситаҳои нақлиёт, технологияи иттилоотӣ ва таҷҳизоти зарурии криминалистӣ пурра таъмин карда шудаанд.
Дар давраи Истиқлол ба замми ин имконият ба вуҷуд омад, ки шароити кории кормандон хело беҳтар карда шуда, дар якчанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон биноҳои нави прокуратураҳо бо тарҳи зебои замонавӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Гузашта аз ин, дар даврони истиқлоли давлатии кишвар бинои иловагии прокуратураи вилоят низ сохта, ба истифода дода шудааст.
Прокуратураи вилоят фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 25 июли 2005 ва фармонҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, баҳри пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, терроризму экстремизм, ҷиноятҳои муташаккил, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, коррупсия, қонунвайронкуниҳо дар соҳаи замин, кам кардани бақияпулиҳои андоз, ҳифзи фаъолияти соҳибкорӣ ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, баландбардории савияи дониш ва маданияти ҳуқуқии аҳли ҷомеа чораҳои мушаххас андешида, фаъолияташ бомаром идома дорад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки нақши мақомоти прокуратураи вилояти Хатлон дар замони Истиқлоли давлатии кишвар дар амалӣ сохтани сиёсати пешгирифтаи Президенти маҳбубамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таҳким бахшидани қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ назаррас аст.
Аз ин рӯ, мо-кормандони мақомоти прокуратураи вилоят тасмим гирифтаем, ки минбаъд низ таҳти роҳбарии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти адлия Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло анъанаҳои неки кормандони мақомотро идома дода, ҷиҳати иҷрои ҳамаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми кӯшишу малакаи худро равона карда, дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва суд баҳри таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ кӯшиш ба харҷ дода, низоми ягонаи ҳуқуқӣ дар ҳудуди вилоят таъмин гардад.
Хоҳони онам, ки кишвари азизамон таҳти роҳбарии доимии Пешвои муаззами миллат ҳамеша тинҷу ором ва дар тамоми гӯшаҳои он сулҳу суботи комил абадан ҳукмфармо бошад.
Иди касбӣ муборак, ҳамкасбони азиз!
А. Назарзода,
прокурори вилояти Хатлон,
мушовири адлияи дараҷаи 1
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...