Ҳуқуқи истеъмолкунанда бояд риоя гардад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 15 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 24
![]()
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», таҳти №72, аз 9 декабри соли 2004 мавриди амал қарор дошта, назорати иҷрои он ба зиммаи сохторҳои дахлдори назоратӣ вогузор карда шудааст. Аз он ҷумла, яке аз сохторҳои назоратии иҷрои талаботҳои қонуни мазкур ба зиммаи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вогузор карда шудааст. Тибқи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.08.2012, №890 “Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ” истеъмолкунандагон ҳуқуқ доранд, ки дар нуқтаҳои савдо ва мағозаҳои фурӯши маҳсулотҳои хӯрокворӣ ҳангоми харидорӣ намудан аз шахсони масъул нишон додани сертификати сифатро талаб намоянд.
Аз тарафи мутахассисони соҳа дар рафти гузаронидани санҷишҳои нақшавию ғайринақшавӣ, рейдҳои муштарак вобаста ба ҳимояи ҳуқуқии истеъмолкунандагон, бехатарии маҳсулотҳои хӯрокворӣ ва баланд бардоштани маърифат хизматрасонӣ дар иншооту муассисаҳои хизматрасонӣ мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад.
Истеъмолкунандагон метавонанд дар ҳолати риоя нагардидани ҳуқуқи истеъмолкунанда аз тарафи иншооти хизматрасонӣ ба телефони боварии мо (8-3222) 2-34-44 ва телефонҳои Марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии дар шаҳру ноҳияҳо занг зананд.
И. БАРФАКОВ,
муовини директори МНДСЭ-и вилояти Хатлон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00