Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав ба имзо расид
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 13 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 139
![]()
Имрӯз аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунидҳои сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон маросими имзои 16 санади дуҷониба доир гардид.
Аз ҷумла, байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иқтисод ва соҳибкории Ҷумҳурии Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав ба имзо расид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ҳадафи Ёддошти тафоҳум мусоидат ба ҳамкории боэътимоди ду давлат дар соҳаи саноат ва фароҳам овардани таъмини шароити мусоид барои рушди саноат ва ҳамкории истеҳсолӣ, илмию техникӣ ба манфиати тарафайн мебошад. Шартҳои он бо созишномаҳои иловагии дахлдор мувофиқа карда мешаванд.
Дар асоси ин санад ҳарду давлат ҳамкориро дар самти рушд ва таъмиқи ҳамкории мутақобил дар бахшҳои гуногуни саноат, аз ҷумла мошинсозӣ, саноати сабук, кӯҳкорӣ, металлургӣ, саноати химия, масолеҳи сохтмонӣ ва технологияҳои нав амалӣ менамоянд.
Дар доираи ин ёддошт Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки корҳои муштаракро дар самтҳои мубодилаи иттилоот дар бораи афзалияти миллии рушди саноат, таҷриба дар самти таҳия ва татбиқи стратегияҳои соҳавии рушди саноат ва барномаҳои мақсадноки дахлдор, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи зеҳни сунъӣ, аз ҷумла таҳқиқот, мубодилаи дониш ва пешбурди тасмимҳо дар асоси зеҳни сунъӣ, доир намудани машваратҳо, ташкили майдончаҳои муштарак оид ба муҳокимаи масъалаҳои марбут ба коркарди самтҳои асосии ҳамкории саноатӣ, аз ҷумла самтҳои ояндадори рушди инноватсионӣ, таҳияи пешниҳодҳо барои таъмиқи ҳамкории мутақобили Тарафҳо дар татбиқи сиёсати саноатӣ ва ғайра амалӣ намоянд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...