Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » «ЧАШМАНДОЗ»-и Райҳона ба табъ расид


«ЧАШМАНДОЗ»-и Райҳона ба табъ расид



Дар  арафаи  Рӯзи  модар  ва  Рӯзи  матбуоти тоҷик  китоби  рӯзноманигори  хушном,  ходими адабии рӯзномаи “Хатлон” Райҳона Раҳматова бо номи “Чашмандоз” интишор ёфт.

Китоби  мазкур,  ки  аксаран  аз  памфлетҳои тозаэҷоди  муаллиф  иборат  аст,  бо  ибтикори  идораи  рӯзномаи  “Хатлон”  дар  нашриёти “Мулквар”-и шаҳри Душанбе бо теъдоди 200 нусха ба чоп расидааст.

“Чашмандоз” аз 152 саҳифа иборат буда, маҷмуаи ҷолибу навоварона дар публитсистикаи  муосири  тоҷик  мебошад.  Муаллиф дорои сабки хоси эҷод ва дидгоҳи фардист, ки  ғолибияташ  дар  озмуни  ҷумҳуриявии “Фурӯғи  субҳи  доноӣ  китоб  аст”  аз  рӯйи номинаи “Эҷоди наср” дар соли 2024 далели возеҳи ин иддаост. 

Дар маҷмуаи “Чашмандоз” муаллиф бо  истифода  аз  имконияти  жанрҳои ҳаҷви публитсистӣ, асосан памфлет, ки хоси  танқиди  иҷтимоист,  масъалаҳои муҳими ҷомеаро ба риштаи таҳлил кашидааст. Бо забони фасеҳ ва услуби хос Райҳона Раҳматова норасоиҳо ва мушкилоти мавҷударо нишон дода, хонандаро ба андеша ва баҳс даъват мекунад.

Муҳаррир ва муаллифи сарсухани китоб Носирҷон Маъмурзода  навиштааст:  “Муҳаққиқони  соҳа  ҳатто изҳори  нигаронӣ  мекунанд,  ки  жанри  памфлет батадриҷ  ба  боди  фаромӯшӣ  рафтаву  эҷодкорони ҷавон  ҷуръат  ё  шояд  ҳунари  навиштани  онро  надоранд.  Аммо,  нишотовар  аст,  ки  Райҳона  Раҳматова, ҳамкори  соҳибқалами  мо,  неруи  худро  дар  жанрҳои ҳаҷви публитсистӣ месанҷад ва хонандагони рӯзномаи “Хатлон” нахустин баҳрагирандаи офаридаҳои ӯянд...

Ҳар як нигоштаи Райҳона Раҳматова дар худ диди борики ҷомеашиносӣ ва ахлоқӣ дорад. Ӯ дар қолаби танз ва памфлет мефаҳмонад, ки камбудиҳои иҷтимоӣ на танҳо мушкили як гурӯҳи алоҳида, балки масъулияти  умумии  ҷомеа  мебошанд.  Баъзе  аз  образҳо  ва ҳолатҳое, ки дар памфлетҳои ӯ тасвир ёфтаанд, агарчи ба шеваи танзу ҳазломез баён шудаанд, дар асл, ин оинаи воқеият аст, ки камбудиҳои моро бе парда нишон медиҳад”.

Баён  кардани  масъалаҳои  мубрами  иҷтимоӣ аз  дидгоҳи  занони  эҷодкор  хусусиятҳои  хоси  худро  дорад,  ки  он  аз  нигориши  мардон  ва  дигар жанрҳои публитсистӣ фарқ мекунад. 

Зан  ҳамчун  эҷодкор,  маъмулан, диди  амиқ  ва  ҳассоси  иҷтимоӣ  дорад.  Ӯ  бештар  ба  паҳлуҳои  нозуки масъалаҳо диққат медиҳад, аз ҷумла мушкилоти  марбут  ба  оила,  тарбия, мақоми зан дар ҷомеа, ноадолатиҳои пинҳон  ва  равандҳои  номуайяни иҷтимоӣ.  Памфлетҳое,  ки  аз  нигоҳи зан  таҳия  мешаванд,  метавонанд  бо эҳсосоти  жарф  ва  тасвирҳои  зинда пурқувваттар бошанд.

Мутмаинем,  ки  китоби  “Чашмандоз” метавонад  на  танҳо  барои  дӯстдорони публитсистика  ва  адабиёт,  балки  барои ҳар касе, ки нисбат ба ҷомеаи худ бетараф нест,  дастури  омӯзанда  бошад.  Маҷмуаи мазкур дар тарбияи маънавии ҷомеа саҳми муносиб гузошта, хонандаро ба андешаю амал водор месозад.

Мутолиаи  маҷмуаи  мазкур  барои  алоқамандони ҳаҷви публитсистӣ ва онҳое, ки ба таҳлили масъалаҳои иҷтимоӣ таваҷҷуҳ доранд, шавқангез хоҳад буд.

ҳангомаи ИСМАТ,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода