Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » «ҶУМҲУРИЯТ»-ганҷинаи матбуоти миллӣ


«ҶУМҲУРИЯТ»-ганҷинаи матбуоти миллӣ



Нашрияи  «Ҷумҳурият»  на  танҳо  аз  дидгоҳи  муҳаққиқон, балки  барои  ҳазорон  хонандаи  содиқаш,  аз  он  ҷумла  камина,  “модари  матбуоти  тоҷик”  ва,  бешак,  рӯзномаи  №1-и Тоҷикистон  маҳсуб  меёбад.  Яъне,  сад  соли  мавҷудияти «Ҷумҳурият» танҳо таърихи як нашрия нест, он таърихи ташаккул ва рушду камоли журналистикаи миллии тоҷик аст. Дар ин давра нашрия борҳо симои худро дигар кард, ҳамзамон бо  таҳаввулоти  ҷомеа  рушд  ёфт  ва  дар  ҳама  марҳилаҳои муҳими таърихӣ ҳамсафари миллат буд.

«Ҷумҳурият» дар зарфи сад соли фаъолияти худ ба як сутуни мустаҳками матбуоти миллӣ мубаддал гашта, дар фазои иттилоотии  Тоҷикистон  ҷойгоҳи  хос  дорад. Ин нашрия бо таърихи пурғановати худ,  ки  аз  замони  таъсиси  Ҷумҳурии Тоҷикистон  оғоз  мешавад,  дар  ҳифз  ва тарғиби  арзишҳои  миллӣ,  фарҳангӣ  ва иҷтимоии  тоҷикон  нақши  барозанда  дорад.

Ифтихоровар аст, ки «Ҷумҳурият» на танҳо шоҳиди сад соли таърихи давлатдории  навини  тоҷикон  аст,  балки  худи ин  таърихро  навиштаву  бозтоб  додааст.  Ҳамчун  минбари  расмии  Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  ин  нашрия  пайваста  мавқеи  давлатиро  дар  масоили сиёсӣ,  иқтисодӣ,  иҷтимоӣ  ва  фарҳангӣ инъикос  намуда,  дар  ташаккули  афкори созандаи  ҷамъиятӣ  саҳми  назаррас  дорад. Гузашта аз ин, «Ҷумҳурият» ҳамеша ҳомии забон ва фарҳанги тоҷикӣ будааст. 

Забони ин нашрия шевову омӯзанда, услубаш  беназир  ва  далелу  таҳлилҳояш бо  асосҳои  муътамад  таҳия  мешаванд. Он  на  танҳо  хабар  мерасонад,  балки  хонандаро  ба  андеша  водор  месозад,  тафаккури  интиқодӣ  ва  маърифати шаҳрвандиро  рушд  медиҳад.  Таҷрибаи «Ҷумҳурият»  барои  тамоми  нашрияҳои даврии  маҳаллии  Тоҷикистон  сабақомӯз ва намунаи пайравист.

Ҳар касе, ки бо таърихи матбуоти тоҷик ошност,  хуб  медонад,  ки  «Ҷумҳурият» бо  қалами  бузургтарин  адибон  ва  донишмандони  кишвар  навишта  мешуд. 

Аз устодон Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров сар карда, то Мирзо Турсунзода, Абулқосим Лоҳутӣ, Раҳим Ҳошим, Сотим Улуғзода ва даҳҳо адибону публитсистони номвар ин нашрияро минбари андеша ва маҳсули қалами худ кардаанд. Имрӯз ҳам хонанда бо нигоштаҳои пурғановату тозаэҷодҳои  нухбагону  фарзонагони давр Муҳаммад Ғоиб, Кароматулло Мирзо,  Абдулҳамид  Самад,  Ҳақназар  Ғоиб, Фарзонаву Толиби Озарахш ва шумораи зиёди  олимону  донишпажӯҳони  ватанӣ тавассути «Ҷумҳурият» ошно мегардад. 

Агар  ба  муҳтавои  ин  нашрия  назар андозем, мебинем, ки ҳар як мақолаи он як  санади  муҳими  таърихӣ  аст.  Матолиби он ба сифати шоҳидони давру замон дар  бойгонии  давлат  ва  хотираи  наслҳо боқӣ мемонанд. Аз ин рӯ, саҳмгузорӣ дар муҳтавои он ҳам масъулияти касбӣ ва низ рисолати таърихӣ мебошад.

Бисёре  аз  рӯзноманигорони  соҳибмактаб,  ки  дар  ташаккули  журналистикаитоҷик  саҳми  беназир  гузоштаанд,  дар ҳамин  нашрия  ба  зинаҳои  баланди камолоти  эҷодӣ  расидаанд.  Мактаби эҷодии  устодоне  чун  Аминҷон  Шукӯҳӣ, Ғоиб  Қаландаров,  Ибод  Файзулло,  Нур Табаров,  Мазҳабшоҳ  Муҳаббатшоев, Шоҳмузаффар  Ёдгорӣ,  Субҳон  Кошонов, Камоли Қурбониён, Муҳаммад Ғоиб ва  дигарон  далели  равшани  нақши  бунёдии  «Ҷумҳурият»  дар  рушди  матбуоти  даврии  касбӣ  мебошад.  На  танҳо дар  гузашта,  феълан  низ  «Ҷумҳурият» барои ҳам навқаламон ва ҳам меҳтарон мактаби  касбии  рӯзноманигорӣ  аст. 

Имрӯз  бо  роҳбарии  сармуҳаррири кордону  маърифатпарвар  Қурбоналӣ Раҳмонзода  дар  ҳайати  таҳририяи рӯзномаи  «Ҷумҳурият»  дар  баробари собиқадорону пирони кор, инчунин, шумораи  зиёди  ҷавонони  боҳунару  наво-вар шомиланд, ки идомабахши сазово-ри  мактаби  овозадори  эҷодии  рӯзнома мебошанд.  Ҳадафи  ҳар  як  журналист, ки  дар  ин  нашрия  кор  мекунад  ё  бо он  ҳамкорӣ  дорад,  бояд  идомадиҳии анъанаҳои  неки  он  бошад.  Рушди минбаъдаи  «Ҷумҳурият»  на  танҳо  ба таҳкими  матбуоти  давлатӣ,  балки  ба пешрафти  тамоми  фазои  иттилоотии кишвар таъсири мусбат мерасонад.

Имрӯз, ки воситаҳои ахбори омма дар муҳити  рақобатпазир  фаъолият  доранд, «Ҷумҳурият»  бо  нигоҳ  доштани  сатҳи баланди  касбӣ  ва  ахлоқи  журналистӣ ҷойгоҳи  хоси  худро  ҳифз  кардааст.  Ин далели  он  аст,  ки  арзишҳои  аслии  журналистика – масъулият, ҳақиқатнигорӣ ва садоқат ба манфиатҳои миллӣ ҳанӯз ҳам қимати  баланд  доранд.  Сарфи  назар  аз тағйироти  фазои  иттилоотӣ  ва  пайдоиши  ВАО-и  рақамӣ,  «Ҷумҳурият»  мақому нуфузи  худро  нигоҳ  дошта,  аҳли  эҷоди он  ба  арзишҳои  ҳирфаии  журналистика содиқ мондаанд. Далели возеҳи ин иддао натиҷаи  тадқиқотҳои  сотсиологиеанд, ки  тайи  даҳсолаи  охир  «Ҷумҳурият»-ро ҳамчун  серхонандатарин  рӯзнома  дар Тоҷикистон арзёбӣ намудаанд.

Тавре  гуфтем,  яке  аз  хислатҳои  намоёни «Ҷумҳурият» садоқат ба арзишҳои миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст.  Саҳифаҳои  он  таҳлилҳои  амиқи иқтисодӣ,  сиёсӣ  ва  ҷомеашиносиро  дар бар мегиранд, ки бо забони фасеҳ ва услуби равон навишта мешаванд. Аҳли эҷоди нашрия ҳамеша дар муқобили таҳдидҳои идеологӣ,  иттилоотӣ  ва  сиёсии  бегона мавқеи  устувор  дошта,  дар  ташаккули рӯҳияи хештаншиносиву худогоҳии миллӣ нақши тарбиягарӣ мебозанд. Дар ҷаҳони пуртазоди  муосир,  ки  фазои  иттилоотӣ зери таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ва баъзе расонаҳои ғайриҳирфаиву бемасъули-ят қарор гирифтааст, иттилооти ғаразнок ва  ҷангҳои  идеологӣ  зиёд  шудаанд,  чунин  нашрияҳо  метавонанд  ҳамчун  ва-силаи  ҳифзи  арзишҳои  миллӣ,  ваҳдату ҳамдилӣ,  суботи  ҷомеа,  ҳамзамон  ба сифати  кафили  этикаи  журналистӣ  ва манбаи иттилооти дуруст хидмат кунанд. Ҳамин  аст,  ки  «Ҷумҳурият»  бо  мавқеи устувор  ва  ҷонибдорӣ  аз  манфиатҳои давлатдории миллӣ фарқ мекунад.

Аз  ин  рӯ,  «Ҷумҳурият»-ро  дӯст  медорам.  Он  ҳамеша  манбаи  боэътимоди иттилооти  расмӣ  ва  таҳлилҳои  амиқи сиёсиву  иҷтимоӣ  будааст.  Ҳамкории эҷодӣ  бо  нашрияе,  ки  мактаби  устодони  журналистикаи  тоҷик  аст,  барои  ҳар рӯзноманигор  имконияти  рушди  касбӣ ва саҳмгузорӣ дар рушду таҳкими ВАО-и миллӣ мебошад. Ҳамкорӣ бо ин нашрия барои  инҷониб,  ҳамчун  рӯзноманигор ва коршиноси соҳаи иттилоот, на танҳо шараф,  балки  имкони  мусоид  барои пешниҳоди  андешаҳо  дар  бораи  масоили  муҳими  кишвар  аст.  «Ҷумҳурият» минбари  аслии  изҳори  назар  барои онҳое  мебошад,  ки  масъулияти  рушди ҷомеаро  эҳсос  мекунанд.  Бо  ин  нашрияи маҳбубу мардумписанд беш аз 15 сол боз ҳамкорӣ дорам ва хушнудам, ки нахустин  натиҷаҳои  пажӯҳиши  илмии  банда оид ба ташаккул ва таҳаввули матбуоти даврии  маҳаллии  Тоҷикистон,  хосатан, вилояти  Хатлон,  дар  «Ҷумҳурият»  чоп шудаанд.  Шумораи  мақолаҳои  публитсистии чопшудаи мо ҳам андак нест, ки бо  истифода  аз  фурсати  муносиб,  барои ҳусни таваҷҷуҳу ҳамкорӣ ба ҳайати таҳририяи  нашрия  миннатдорӣ  баён мекунам.  Барои  ҳар  як  рӯзноманигор, муҳаққиқ, зиёии эҷодкор интишор ёфтани маҳсули зеҳнаш дар нашрияи рақами яки  мамлакат  мояи  ифтихору  сарафро-зист.

Ҳамкорӣ бо чунин нашрия барои ҳар шахси соҳибандеша ва ватандӯст масъулият  ва  имкони  бузург  аст.  Чуноне  ки дар тӯли садсолаи охир бисёре аз равшанфикрону шахсиятҳои шинохтаи илму адаб  ва  сиёсат  онро  минбари  баёни андешаҳои худ интихоб кардаанд, имрӯз низ барои мову ҳамқаламон ин нашрия фазои муносиби эҷодӣ ва касбӣ муҳайё намудааст.  Ҳамчун  ҳаводори  журналистикаи  миллии  босифат,  ҷонибдори таҳкими  ҳамкории  эҷодии  тамоми  аҳли зиё бо «Ҷумҳурият» ҳастам. Ин ҳамкорӣ метавонад ба пешбурди сиёсати иттилоотии давлат ва ташаккули ҷомеаи огоҳу бедордил мусоидат намояд.

«Ҷумҳурият» на танҳо оинаи воқеият, балки  омили  ташаккули  фазои  иттилоотии  кишвар  аст.  Аз  ин  рӯ,  ҳифзи  обрӯ ва сатҳи баланди касбии он вазифаи ҳар фарди  ватандӯст  ва  маърифатпарвар мебошад.

Дар остонаи 100-солагии худ нашрия ба  марҳалаи  нави  рушд  ворид  мешавад.  Бовар  дорам,  ки  «Ҷумҳурият»  дар шароити рақамисозии ВАО ва рақобати иттилоотӣ низ рисолати худро ба таври шоиста  иҷро  хоҳад  кард,  зеро  таърихи он худ исботи пешрафт ва устуворӣ мебошад.

Бо  камоли  эҳтиром  ва  эътимоду эътиқод изҳор медорам, ки «Ҷумҳурият» дар асри нави худ низ ҳамчун як минбари  пурқудрати  иттилоотӣ  ва  тарғибгари ғояҳои миллӣ соҳибмақом хоҳад монд. 

ШОДБОШӢ

Ҳайати  эҷодӣ  ва  кормандони муҳтарами рӯзномаи «Ҷумҳурият»-ро бо самимияти беандоза ва эҳтироми хосса  ба  муносибати  ҷашни  пурифтихори  100-солагии  таъсисёбии рӯзнома табрику таҳният мегӯем.

«Ҷумҳурият»  ҳамчун  нашрияи  расмии  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли як аср роҳи ифтихоровар  ва  пурмасъулиятро  тай намуда, ба яке аз минбарҳои муҳими сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат  табдил  ёфтааст.  Ин  расонаи бонуфуз  на  танҳо  воқеаҳои  муҳими кишварро  инъикос  менамояд,  балки дар  тарғиби  сиёсати  давлат,  рушди афкори  ҷомеа,  таҳкими  ваҳдат  ва боло  бурдани  маърифати  ҳуқуқии шаҳрвандон нақши бузург дорад.

Дар  ин  муддати  тӯлонӣ  ҳайати эҷодии  «Ҷумҳурият»  бо  қалами  бурро,  мавқеи  устувор  ва  маводи  ба-ландмазмун  тавонистааст  эътимоди хонандагонро ба даст орад ва ҳамчун мактаби  бузурги  рӯзноманигорӣ садҳо чеҳраҳои маъруфи соҳаи матбуотро ба ҷомеа муаррифӣ намояд.

Мо,  аҳли  эҷоди  рӯзномаи  «Хатлон»,  аз  ҳамкории  самарабахш  бо шумо  ифтихор  мекунем  ва  умед  дорем,  ки  анъанаҳои  неки  ин  нашрияи бонуфуз  минбаъд  низ  идома  ёфта, барои рушди фазои иттилоотии кишвар хидмат хоҳад кард.

Ба  тамоми  ҳайати  эҷодӣ  ва  кормандони  «Ҷумҳурият»  дар  фаъолияти  касбӣ  пешравиҳо,  саҳифаҳои рангоранг, хонандагони сершумор ва комёбиҳои нав таманно дорем.

Иди 100-солагии «Ҷумҳурият» муборак бод!

Носирҷон МАЪМУРЗОДА, 
сармуҳаррири рӯзномаи «Хатлон», 
номзади илмҳои филологӣ,
барандаи ҷоизаи ИЖТ ба номи  Абулқосим Лоҳутӣ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода