Лаҳзаҳои хандадори «Хатлон»-иён
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 10 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 173
![]()
ЯК РӮЗНОМАНИГОРРО КУШТАН ДАРКОР!
Ҳамасола дар арафаи таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик (11 март) аз ҳамкасбон-собиқадорони матбуот, ки аз ҳаёт даргузаштаанд, ёд менамоем. Яъне аз ҳаёти рӯзноманигории онҳо дар саҳифаҳои нашрияи махсус нақл мекунем. Бо як дард ёдовар мешавем, ки дар даҳсолаи охир рӯзноманигорони зиёд аз ҳаёт даргузаштаанд. Онҳо нафарони мактабдори матбуот буданд, афсӯс, ки имрӯз дар байни мо нестанд.
Вақт тезгузар аст. Ғофил мемонию рӯзҳо пайи ҳам мегузаранд ва боз як соли дигар низ анҷом меёбад. Дар баробари ин ҳама дар ҳаёти эҷодии рӯзноманигорон лаҳзаҳои хандадор низ рух медиҳанд...
Инак, мо дар соли 2025 қарор дорем. Дар моҳи март идҳо зиёданд. Аз ҷумла Рӯзи матбуот низ 11 март қайд карда мешавад. Ва лаҳзаеро, ки дар остонаи ин рӯз, дар вақти гузаштани ҷаласаи 5-дақиқагӣ ба вуқуъ пайваст, рӯйи коғаз меорам.
Ҳайати эҷодии рӯзномаи “Хатлон” дар ҳуҷраи кории сармуҳаррир барои гузаронидани ҷаласаи кории “5-дақиқа” ҷамъ омада, нақшаи баровардани нашри махсуси 16-саҳифагӣ бахшида ба Рӯзи модар ва Рӯзи матбуот (11 март кашида, барои омода намудани маводҳои идона супориш гирифтанд. Аз ҷумла банда низ барои навиштани мавод аз ҳаёти рӯзноманигори собиқадори фавтида супориш гирифтам. Нафаре аз ҳамкорон ба ман нигариста гуфт:
-Агар рӯзноманигоре, ки соли гу-зашта фавтида бошад, нависед, руҳаш шод мешавад.
-Соли гузашта, хушбахтона, ягон рӯзноманигор нафавтидааст,-хотиррасон кард муовини сармуҳаррир.
-Пас, як рӯзноманигорро куштан даркор! - ҳозирҷавобӣ намуд, - котиби масъули рӯзнома...
МО ЧАНД НАФАРЕМ?
Дар арафаи иди бонувон мардҳои рӯзнома тасмим гирифтанд, ки як миқдор маблағи пулӣ ҷамъ карда, ба онҳо туҳфа бигиранд. Комрони Бахтиёр ба ҳуҷраҳои корӣ даромада аз кормандон - мардҳо пул ҷамъ мекард.
Вақте ӯ ба котибот омада, арзи матлаб кард, аҳли эҷоди котибот ба ӯ пул доданд. Вале, котиби масъул Соҳилӣ гӯё ин гапро нашунида бошад, бо сари хам маводҳоро таҳрир мекард.
-Устод, барои бонувон пул ҷамъ карда истодаем, - такрор кард Комрон.
- Мо чанд нафарем? - пурсид Соҳилӣ.
- Нафаҳмидам, - ҳайрон монд Комрон.
- Мегӯям, ки мо – ҷинсони заиф чанд нафарем? - дубора фаҳмонд Соҳилӣ.
- Шумо ба ин ҷинс чӣ дахл доред? - ба баҳс ҳамроҳ шуд муовини сармуҳаррир Фаромӯз.
- О, бонуҳоро ҷинси заиф мегӯянд?
- Мегӯянд, хайр чӣ?
- Пас, устод аз маблағдиҳӣ озод аст? - гуфтани тарроҳ Далер қуввати дили Соҳилӣ шуд.
- Чӣ тавр? - афзуд Комрон.
- Марди аз 70-сола болоро низ заиф мегӯянд. Пас аз ман пул намегиред-да! Зеро ман низ аз 70-сола болоям-ку!? - гуфт Соҳилӣ.
МУЛЛО БАРНАГАШТ
Искодарӣ баъди ду соли кори тарҷумонӣ дар Давлати Афғонистон ба рӯзномаи “Хатлон” ба кор омад. Ӯ ягона корманде буд дар идора, ки хатту саводи арабӣ дошт. Вай ҷавони пуркору ҳалолкор ва софдил, вале табиатан хеле сода буд. Ҳамин хислаташ бисёр мавридҳо саргузаштҳои аҷоибе ба сараш меоварданд. Ҳар рӯз, албатта, ягон саргузаште ба ӯ рух медод.
Дар охири моҳ дар идора рӯзи маошгирӣ буд. Искодарӣ маошашро (120 сӯм) гирифта, дар ҳуҷраи кориаш машғули эҷод буд. Дари утоқ тақ-тақ шуда, марди тахминан панҷоҳсолае даромад. Ӯ худро муаррифӣ намуд, мулло будааст. Баъди вохӯрӣ мулло арзи матлаб кард.
-Додар, маро ҳоҷате назди Шумо овардааст. Шумо ба хатти арабӣ навиштаю хонда метавонистаед, кумакатон лозим.
-Аз дастам ояд, ба чашм,-посух дод Искодарӣ.
Мулло номаеро бароварда, ба Искодарӣ дод. Нома аз номи писарамаки мулло, ки дар хоки Афғонистон зиндагӣ мекард, будаасту бо хатти арабӣ навишта шуда.
-Ман саводи хондану навиштани ҷавоби ин мактубро надорам, онро бароям хонда, ҷавобашро навишта медодед,-хоҳиш кард мулло.
Искодарӣ хоҳиши ӯро ба ҷо оварда, мактуби ҷавобӣ навишта дод. Мулло хурсанд шуд, “Ҳаққи хизмат”,-гӯён аз ҷайбаш се яксӯма бароварда, ба мухбир доданӣ шуд. Искодарӣ аз ин амали мулло шармида, дар хиҷолат монд ва аз гирифта-ни хизматпулӣ даст кашид. Мулло пулро маҷбуран ба ҷайби Искодарӣ пеш кард.
Искодарӣ бошад, саросемавор пулҳоро баргардонд. Корафтода ба ивази хизмат ба тарҷумон дуои нек дода баромада рафт.
Баъди рафтани мулло Искодарӣ даст ба ҷайбаш карда, дарк намуд, ки пулҳои худашро ҳам ба мулло додааст. Шармаш омаду аз қафои меҳмон нарафт.
-Шахси диндор аст, албатта пулҳои саҳван ба ӯ “тақдим” кардаашро бармегардонад”,- меандешид Искодарӣ.
Ҳамон рӯз ӯ муллоро то анҷоми кор интизор шуд. Боз чанд рӯзи дигар гузашту мулло наомад ва пулҳоро барнагардонд. Искодарӣ ҳамоно боумед буд, ки мулло бармегардад. Вале дуои додаи мулло ба кори Искодарӣ барору фоида наоварда, баръакс, ҷайбашро холӣ кард...
С. АТТОР,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...