Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » «Истиқлол» 90 сол дар хизмати халқ


«Истиқлол» 90 сол дар хизмати халқ



Дар  ибтидои  солҳои  30-юми  асри  XX  бо  мақсади  пурзӯр намудани сиёсати ҳизбӣ ва амалӣ намудани барномаи ҳизби коммунист матбуоти минтақавӣ ба вуҷуд омад. Дар ин давра  ноҳияҳои  кишвар  рӯзномаҳои  махсуси  худро  ташкил  намуданд. Ноҳияи Темурмалик низ дар баробари дигар ноҳияҳо рӯзномаи ноҳиявии худро таъсис дод.

Аз  рӯзҳои  нахустини  фаъолият  рӯзномаи  “Истиқлол”  ба  инъикоси воқеият,  ҳалли  мушкилоти  мардум  ва тарғиби дастовардҳои ноҳия равона шуда буд. Дар давраҳои гуногуни таърихӣ, новобаста  ба  тағйироти  сиёсиву  иҷтимоӣ, ин рӯзнома рисолати худро нигоҳ дошт ва бо қалами буррои рӯзноманигоронаш ба рушди ҷомеа саҳм гузошт.

 “Истиқлол”  ҳамқадам,  ҳамтақдир  ва ҳамнафаси мардуми ноҳия буда, аз моҳи январи соли 1935 таъсис ёфта, дар асоси  талаботҳои  қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Маҷлиси вакилони халқи  ноҳияи  Темурмалик  аз  27  марти соли  2007,  таҳти  №75  ҳамчун  нашрияи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик ба қайд гирифта шуд. Дар тӯли фаъолияти худ рӯзнома борҳо  тағйири  ном  кард.  Аз  ҷумла,  бо номҳои  “Ҳосил  учун”  (бо  забони  ӯзбекӣ дар ҳаҷми 2 саҳифа, солҳои 1935-1961), “Барои  коммунизм”  (бо  забони  тоҷикӣ дар ҳаҷми 4 саҳифа, солҳои 1961-1993), “Пайғом” солҳои (1993-2007) ва шуруъ аз соли 2007 то ба имрӯз бо номи “Истиқлол” нашр шудааст. Сарварии рӯзномаро дар солҳои гуногун рӯзноманигорони шинохта X. Содиқов, М. Ахмедов, Ш. Шералиев, У. Ахмедов, А Ризоев ва Т. Шарипов (солҳои 1981-1993) ба уҳда доштанд.

Дар  рӯзномаи  ноҳиявӣ  қаламкашони соҳибистеъдод,  аз  қабили  Абдулфайз Атоев,  Садри  Умар,  Нурулло  Сайфиддинов,  Сафармад  Ҳакимов,  нависанда, публитсист, узви ИЖТ ва ИНТ Айниддин Қурбонов,  Асомиддин  Зоиров,  Сафармо Шарипова, Ғунчагул Имомова, Ҷалил Ҳомидов,  Умар  Холов,  Хосият  Нозимова,  Ислом  Холмуродов,  Зариф  Розиқов, Шариф  Ҳусейнов,  Баҳодур  Искандаров, Муҳаббат  Бойматова,  Сайдамир  Одинаев,  Кукан  Шукуров,  Ватан  Мустанов  ва дигарон  кор  кардаанд.  Дар  миёни  онҳо котиби  масъули  рӯзнома  Абдулаҳад Абдураҳмонов  мақоми  хосса  дорад.  Ӯ аз собиқадорони соҳаи матбуот буда, 64 сол аст, ки дар рӯзномаи ноҳия ба ҳайси котиби  масъул  содиқона  фаъолият  мекунад.  Давлат  ва  Ҳукумати  Тоҷикистон меҳнати бисёрсолаи А. Абдураҳмоновро қадршиносӣ  кардааст.  Мавсуф  бо  фармони  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон аз 4 сентябри соли 1998 бо унвони фахрии “Корманди шоистаи Тоҷикистон” сарфароз гардонида шудааст. Рӯзномаи ноҳиявӣ дар давоми фаъолияташ  бо  мухбирони  ҷамоавӣ  алоқаи зичу  мустаҳкам  дорад,  ки  онҳо  бо навиштаҳои худ ба пурмазмуну ҷолиб баромадани рӯзнома ҳиссагузорӣ кардаанду мекунанд.

Мактаби  таҷрибаи  рӯзномаи ноҳиявиро  шахсиятҳои  зиёде  гузаштаанд,  ки  бо  сипаришавии  солҳо  маҳбуби мардум  шуданд.  Мухбирони  фаъоли деҳот  Ҳусейн  Ибодов,  Муҳиддин  Мирзоев, Нусратулло Муродов, Юлдош Бобохонов, Самариддин Бадриддинов, Садрид-дин Насриддинов, Хурсандқул Юлдошев, Нуриддин Файзуддинов, Ҳайдаралӣ Давлатов, Маҳмадӣ Шарифов, Шодигул Асо-ева,  Гулизор  Абдуллоева,  Шафоиддини Кангуртӣ, Маҳмасаид Раҷабов бо хабару мақолаҳои пурмазмун ва ашъорашон ба пешравии кори рӯзнома саҳм гузошта меоянд.

Бо  гузашти  солҳо  “Истиқлол” ҳамқадами  замон  шуда,  дар  баробари нашри  чопӣ,  фаъолияташро  дар  фазои рақамӣ низ тақвият бахшид. Имрӯз он на танҳо воситаи паҳн кардани хабарҳо, балки  минбари  озоди  ибрози  афкор,  баҳсу мунозира  ва  муаррифии  дастовардҳои сокинони ноҳия мебошад.

Дар тӯли 90 соли фаъолият рӯзномаи “Истиқлол” бо нашри маводҳои таҳлилӣ, мақолаҳои  ҷолиб  ва  мусоҳибаҳои  вижа ба ташаккули афкори ҷамъиятӣ мусоидат намудааст. Ин нашрия борҳо барои фаъолияти  пурсамараш  бо  ҷоизаҳо  ва  сипоснома  қадрдонӣ  шудааст.  Ғайр  аз  ин, бисёре аз рӯзноманигорони маъруфи ви-лоят  ва  ҷумҳурӣ  фаъолияти  худро  маҳз аз “Истиқлол” оғоз кардаанд.

Ҳамчунин,  рӯзнома  дар  рушду  шукуфоии  соҳаҳои  кишоварзӣ,  маориф, тандурустӣ  ва  фарҳанги  ноҳия  нақши назаррас  дошта,  бо  мақолаҳои  худ  кишоварзон,  омӯзгорон,  табибон  ва  дигар  қишрҳои  заҳматкашро  муаррифӣ  ва қадршиносӣ  кардааст.  “Истиқлол”   пайваста масъалаҳои муҳими рӯзро баррасӣ намуда,  ҳамчун  пули  иртиботӣ  байни мардум ва мақомоти давлатӣ хидмат мекунад.

Ба  шарофату  заҳмати  бепоёни сармуҳаррири  ҷавони  рӯзнома  Шералӣ Давлатов  ва  ҳайати  эҷодӣ  рӯзномаи “Истиқлол”   имрӯз  яке  аз  минбарҳои асосии  иттилоотӣ  дар  минтақа  ба  ҳисоб меравад. Он на танҳо хабар мерасонад, балки бо маводи таҳлилӣ ва оммавӣ шуури ҷомеаро рушд медиҳад.

90 сол на танҳо таърихи як нашрия, балки  таърихи  як  даврон  аст,  ки  дар саҳифаҳои  “Истиқлол”   инъикос  ёфтааст.  Ҷашни  90-солагии  он  барои  ҳайати эҷодӣ,  ҳамзамон  тамоми  хонандагон  ва дӯстдорони матбуоти ватанӣ як рӯйдоди муҳим мебошад. Бо умед ба ояндаи дурахшон  ва  рушди  минбаъда,  “Истиқлол” 
ҳамоно дар хидмати мардум мебошад.

P.S. ҳайати  эҷодии  рӯзномаи вилоятии  “Хатлон”  аҳли  қалами рӯзномаи  “Истиқлол”-ро  бахшида ба  90-солагии  фаъолияти  эҷодӣ табрик  намуда,  ба  онҳо  фаъолияти  пурсамари  эҷодиро  таманно дорад.

Умарҷон ТОшМАТОВ,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода