Рӯзнома - шоҳроҳи тафаккури миллӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 10 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 196
![]()
Рӯзнома ташаккулдиҳандаи тафаккури инсон мебошад. Тамоми ҳодисаву воқеаҳои рӯзгор тавассути рӯзнома инъикос меёбад. Ҳеҷ як расонаи электронӣ ҷойи рӯзномаро гирифта наметавонад. Устод Садриддин Айнӣ мақому мартабаи рӯзномаро дар ҷомеа амиқ дарк намуда, пайваста барои нашри он ба забони тоҷикӣ қувва ба харҷ дода, навиштааст: «Рӯзномаи ҳар қавм ва миллат забони эшон аст. Ҳар қавме, ки рӯзнома надорад, гӯё забон надорад. Яъне қавми берӯзнома мисли одами безабон аст».
Вазифаи публитсистон бо сухани хушу созанда ба сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ, ба бунёдкорӣ даъват кардан аст. Ҳамчунин, вазифаи тарбиявӣ доштан, бахусус тарбияи ватанпарастӣ ва худогоҳии миллӣ доштани матбуот ҳамеша муҳим буда, яке аз самтҳои асосии умури давлатдорӣ боқӣ мемонад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як суханронии худ дар бораи таъмин намудани рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва бо ҳамин роҳ фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста барои ҳар як фарди ҷомеа пайваста изҳор медорад, ки табъу нашри мавод дар саҳифаҳои матбуот дар роҳи тарбияи хештаншиносии миллӣ бояд ҳамеша дар мадди назар бошад.
Гуфтан бамаврид аст, ки солҳои охир дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ ба мавзуи тарбияи хештаншиносии миллӣ мақолаҳои зиёд ба нашр мерасанд ва муаллифон аксаран андешаҳои Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дуруст дарк карда, пиндорҳои худро дар мавриди расидан ба ваҳдати сартосарии миллӣ пешниҳод мекунанд.
Мавзуъҳои асосие, ки муаллифони мақолаҳои дар матбуоти солҳои охир ба табъ расондаанд, бештар ба ваҳдати ҳақиқии миллӣ, худшиносии миллӣ, бyзypгдошти забон ва меpоси фаpҳангӣ, pавнақy pивоҷи шyypи миллӣ, бознигарӣ ба гузаштаи таърихии тоҷикон ва монанди он иборат мебошанд. Мо дар саҳифаҳои матбуот ба чунин сатрҳои ҷолиби баёнгари андешаҳои ҷавонон дар роҳи худшиносии миллӣ вомехӯрем: «Ҷавонон худро ба парчами тоҷдору ҳафтситораи Тоҷикистон мепечанд, дар пироҳанҳои худ ибораи «Ман тоҷикам!», ё «I Love Tajikistan» («Ман Тоҷикистонро дӯст медорам»)-ро муҳр мекунанд».
Ваҳдати ҳақиқии миллӣ бидуни инкишофи тафаккури таърихӣ, худшиносии миллӣ, бузургдошти мерос, фарҳанги таърихӣ, равнақу ривоҷи шуури миллӣ тасаввурнопазир аст.
Матбуоти тоҷик дар замони Истиқлоли давлатӣ ба мавзуи ҳимоят аз арзишҳои таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик ва хештаншиносӣ таваҷҷуҳи шоиста дода, саҳифаҳои зиёди худро дар тарбияи ватанпарастӣ ва хештаншиносии миллӣ ва тарбияи насли наврас вомегузорад, ки ин инъикоскунандаи тарғиби хештаншиносии миллӣ ва ватанпарастӣ дар саҳифаҳои расонаҳои хабарӣ мебошад.
Алишери АБДУЛМАҶИД,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...