Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ҳикояи фидокории модаре, ки панҷгоникро парвариш мекунад


Ҳикояи фидокории модаре, ки панҷгоникро парвариш мекунад



Дар  саросари  кишвар  кам  касоне  ҳастанд, ки  аз  сарнавишти  панҷгоникҳои  ноҳияи Қубодиён бехабар бошанд. Ҳасану Ҳусейн, Фотима, Зуҳро ва Бибиоиша - ин тифлакони нозанин, 30 декабри соли 2020 ба дунё омаданд. 

Ин руйдод дар Тоҷикистон, балки дар тамоми Осиёи  Марказӣ  як  воқеаи  нодир  ва  хотирмон маҳсуб меёбад. Аз лаҳзаи таваллуд то имрӯз онҳо  зери  таваҷҷуҳи  ҷомеа  ва  меҳрубониву ғамхории пайвандон қарор доранд. Сарнавишти  ин  кӯдакон   ҳамеша  зери  назари  давлат қарор дошт. Аз он сол то инҷониб қариб панҷ сол гузашт ва имсол онҳо панҷсола мешаванд.

Дар  арафаи  ҷашни  Рӯзи  модарон  мо-аҳли  эҷоди  рӯзномаи “Хатлон” тасмим гирифтем, аз аҳволи ин тифлакон, хосатан модари  онҳо  бохабар  бошем.  Зеро  аз  соли  тавлиди  ин  тифлакон то инҷониб панҷ баҳор аз умри онон сипарӣ шуд ва масъулияти нигоҳубини онҳо барои модар бештар гардид. 

Баробари ворид шудан ба ҳавлӣ дидем, ки модар овораи кори рӯзгор буду тифлакон дар даву тоз ва машғули бозиҳои кӯдакона. Онҳо дигар он тифлакони яксолаву дусола не, балки ҳар яке дорои хислату ҳаракатҳои худ мебошад. Зиракиву чолокӣ ва одобу рафтори хуби онҳо нишона аз тарбияи хуби волидайн ба фарзандон аст.

Модари кӯдакон Дилноза Мамадова гарчанде ҷавон аст, вале бо меҳру садоқат ва сабру таҳаммул аз уҳдаи нигоҳубини тифлакони  худ  мебарояд.  Падари  хонадон  Раҳмон  Нормуродов  бо муҳаббат ва эҳсоси масъулият ҳамдасти ҳамсараш аст. 

Нигоҳубини  як  тифл  ҳам  заҳмату  шабзиндадориҳои  зиёдро талаб  мекунад.  Пас,  тасаввур  бояд  кард,  ки  парастории  панҷ тифли ҳамсинну сол ва ду фарзанди аз онҳо калонтар то чӣ андоза мушкил ва заҳматталаб аст. Ин ҳолат масъулияти парасто-риро дучанд афзуда, сабру таҳаммул ва неруи зиёд металабад. 

Тибқи  нақли  Дилноза  Мамадова,   модари  кӯдакон,  масъулияти нигоҳубини  ҳафт  фарзанд  барои  ӯ  каме  мушкилтар  шудааст. Хушбахтона, модари ҷавонро дар ин масъулияти сангин на танҳо ҳамсараш, балки хушдоман ва ҳамсояҳо низ дастгирӣ мекунанд.

-Панҷ сол гӯё як лаҳза буд. Парвариши панҷ кӯдак осон нест, вале муҳаббат ва дастгирии пайвандон моро руҳбаланд намуд, то ин ки бо умеду шукргузорӣ пеш равем, - мегӯяд Дилноза Мамадова.

Ӯ шукрона аз он мекунад, ки кӯдаконаш ҳама сиҳату саломат ҳастанд ва ҳастии онҳо барояш хушбахтии бузург аст. 

Рӯзи  1  июни  соли  2021  роҳбарияти  Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба аёдати ин тифлакон омада, ба онҳо туҳфаи гаронбаҳо - калиди хонаи чорҳуҷрагиро тақдим намуд.  Ин  иқдом,  ки  ҳамзамон  бо  дастгирии  Роҳбари  Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Озода Раҳмон сурат гирифт,  бозгӯи  таваҷҷуҳи  давлат  ба  оилаҳои  серфарзанд  ва қишри ниёзманди ҷомеа мебошад.

Ҳоло ин хонавода дар манзили нави барҳавои худ ҳафт фарзандро бо меҳру муҳаббат тарбия мекунанд. Онҳо аз пуштибо-ниву  дастгириҳои  пайвастаи  Ҳукумати  кишвар  изҳори  сипосу хушнудӣ доранд.

Қобили зикр аст, ки дар авлоди Раҳмон Нормуродов тавлиди тифлони дугонику панҷгоникҳо як ҳодисаи маъмулӣ гардидааст. То имрӯз, наздикони падари панҷгоникҳо соҳиби чаҳор ҷуфт дугоник низ шудаанд, ки дар маҷмуъ шумораи чунин кӯдакони нодир-ро дар хонавода ба 13 мерасонад.

Ҳамин  тавр,  сарнавишти  панҷгоникҳо  ва  зиндагии  пур  аз меҳру муҳаббати онҳо на танҳо дар як хонавода, балки барои тамоми ҷомеа як намунаи рӯшане аз меҳру садоқат, заҳмату масъ-улият ва муҳаббати беканори волидайн ба фарзандон мебошад.

Шабҳои  бедорхобӣ,  заҳматҳои  модар  ва  нигоҳубини  панҷ кӯдаки ҳамсинну сол каме мушкил аст, аммо то ба ин синну сол тарбият намудани онҳо ин худ шаҳодати қаҳрамонии модар аст.

Масъулияти  нигоҳубини  панҷгоникҳо  бо  гузашти  солҳо  вазнинтар мегардад, аммо модари онҳо бо муҳаббати модарона ва дастгирии  ҷомеа  кӯшиш  мекунад,  ки  фарзандонашро  ба  камол расонад.

Зимни  дидорбинӣ  бо  панҷгоникҳо  ҳайати  эҷодии  рӯзномаи “Хатлон”  ба  онҳо  туҳфаҳои  хотиравӣ  тақдим  намуд.  Ин  лаҳзаи хурсандӣ барои кӯдакон ва модари онҳо руҳбаландкунанда буд, зеро таваҷҷуҳ ва ғамхории ҷомеа ба онҳо хеле муҳим аст.

А. МИРЗОАЛӢ, М. ЗАФАР, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода