БОНУИ НИЗОМӢ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 165
![]()
Тӯли 33 соли Истиқлоли давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа як қатор чораҳо андешид. Ҷиҳати дастгирии бонувон дар ҳама самтҳои ҷомеа: омӯзишу азбаркунии илму дониш ва ҳам тарбияи бонувон дар корҳои роҳбарӣ ҳамеша дар мадди назари Сарвари давлат қарор дорад.
Нақши бонувону занон дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург мебошад. Тибқи маълумоти оморӣ занон 49,3 фоизи аҳолии кишварро ташкил медиҳанд.
Имрӯз дар кишвар соҳае нест, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд.
Воқеан, занону модарон аз оғози замони Истиқлоли давлатӣ тавонистанд, дар ободию зебоии кишвар саҳм бигиранд. Бо ба эътидол овардани вазъи кишвар азму талош карданд, дар роҳи расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ҷонфидоиҳо намуданду фарзандони ба ҷон баробарашон низ қурбони озодию ободии Ватан шуданд.
Имрӯзҳо дар сафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва корҳои дохилии мамлакат баробари мардон фаъолияти бонувони матинирода низ ба назар мерасад, ки ин касби пурифтихорро бар дӯш доранд.
Имрӯз дар мақомоти корҳои дохилӣ зиёда 2000 нафар занону бонувон кору фаъолият доранд, ки беш аз 100 нафари онҳо дар ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар мақомотҳои қудратӣ дар вазифаҳои роҳбарикунанда мебошанд.
Яке аз он нафароне, ки имрӯз аз кору пайкораш ҳарф мезанем, гурдофариди даврони мо, инсони некусиришт, зани порсову оқила генерал - майор Саидализода Барно Саиднабӣ аст. Ин инсони ватанпарвар, хушахлоқ ва бомаърифат ҳамчун бонуи низомӣ маъруфи ҳамагон мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургиву беназирии модарро ситоиш намуда, гуфтаанд: “Бешак, дар ҷомеае, ки сафи занҳои босаводу бомаърифат меафзояд, пешравӣ босуръат хоҳад буд ва дар он шумораи ҳарчи бештари фарзандони хуб тарбия хоҳанд ёфт”.
Генерал-майор Саидализода Барно Саиднабӣ аз шумули ин бонувон аст ва инак, 32 сол мешавад, ки дар вазифаҳои гуногуни ин ниҳоди қудратӣ ва давлатии мамлакат адои вазифа менамояд.
Ин гуфтаҳои Пешвои муаззами миллатро хонда, маҳз генерал-майор Саидализода Барно Саиднабӣ барин занон пеши назар меоянд. Бо чеҳраву нигоҳи пур аз табассуму меҳр, лафзи ширин, суханони пандомез, дарки маънӣ, саводи баланд, дилёбиву ширингуфторӣ маҳбуби аҳли ҷомеаи мо гардидааст. Ҳангоми суҳбат бештар хислати аз ҳама беҳтарин – хушгуфториашро дарк кардам. Ӯ равону суфта ва нозукбинонаву боандеша сухан меронад.
Генерал-майор Барно Саидализода зодаи шаҳри бостонии Кӯлоб мебошад. Баъди хатми мактаби миёна соли 1996 ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ихтисоси ҳуқуқшинос дохил шуда, онро хатм намудааст.
Генерал-майор Барно Саидализода дар яке аз мусоҳибаҳо бо рӯзноманигорон гуфта буд: «Ҷавонии ман ба замони ҷанги шаҳрванди рост омад ва аз сабаби бенизомиҳо мо даврони хуб надоштем. Он замон мардум азияти бисёр мекашиданд, қонуншиканӣ, зӯроварӣ зиёд буд». Ҳамон вақт ӯ қавл дода буд, ки дар оянда корманди ҳифзи ҳуқуқ шуда, дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи ҳуқуқи мардум саҳм мегузорад.
Роҳбарияти РВКД вилояти Хатлон ва ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон кордониву навоварӣ ва ташаббускории Саидализода Барно Саиднабиро ба назар гирифта, ӯро баъди якчанд муддат муфаттиши Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон таъин намуда, аз соли 1995 то соли 2012 дар вазифаҳои муфаттиши калони бахши тафтишотии РВКД вилояти Хатлон, муфаттиши Раёсати корҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, муфаттиши ШКД-ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, муфаттиши калон оид ба корҳои мах-суси Раёсати корҳои дохилӣ дар нақлиёт, сардори шуъбаи тафтишотии Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилӣ адои вазифа намудааст. 1 марти соли 2012 дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Москваи Федератсияи Россия рисолаи номзадиашро ҳимоя намудааст.
Генерал-майор Барно Саидализода аз соли 2012 то соли 2018 бо амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мансабҳои муовини директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгохи иҷроияи Пре-зиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Генерал-майор Барно Саидализода аз соли 2018 то 21 январи соли 2025 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мансабҳои муовини якуми сардор ва сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Роҳбарияти олии мамлакат истеъдод, маҳорати кордонӣ, таҷриба ва ма-лакаи касбии ӯро ба эътибор гирифта, бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали “Хизмати шоиста” ва бо рутбаи навбатии генерал майори милитсия сарфароз гардонидааст.
Бале, ин бонуи матинирода ба чунин қадрдониҳо сазовор аст. Дар рӯзи иди модарон - 8 март Барно Сайдализодаро самимона табрик гуфта, ба ӯ дар вазифаи хеле душвор ва пурифтихори минбаъ-дааш ба ҳайси вакили парлумон комёбӣ орзу мекунем.
Шарифхон ТИЛЛОЕВ,
рӯзноманигор
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...