Омодагӣ ба мавсими сармо оғоз ёфт
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 25 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Сиёсат, Боздид 2 055
23 июн дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди вилоятӣ оид ба натиҷаи ҷамъбасти зимистонгузаронии мавсими гузашта ва омодагии соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят ба фасли сармои навбатӣ барпо гардид.
Муовини раиси вилояти Хатлон Заробиддин Файзуллозода зимни ифтитоҳи ҷаласа қайд кард, ки дар вилоят нақшаи чорабиниҳо оид ба захираи маводҳои зарурӣ, аз ҷумла захираи ангишт, ҳезум, печка, дудбаро, сӯзишвории дизелӣ, қум, сабзавоту мева, хошоки дурушту ширадор, таъмир ва барқароркунии фермаҳо, кашарҳо, фаъолияти мунтазами корхонаҳои саноатӣ, хоҷагиҳо, ҷамъоварии маблағҳои барқу газ, хизматрасонии коммуналӣ, ташкили нуқтаҳои иловагии фурӯши ангишту гази моеъ ва дигар маводҳои зарурии соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ва аҳолӣ тасдиқ гардида, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва ташкилотҳои дахлдори вилоятӣ барои иҷро ирсол гардидааст.
Зикр шуд, ки аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳо барои харидории ангишт, ҳезум ва сӯзишвории дизелӣ дар соҳаҳои маориф 9718,9 ҳазор сомонӣ ва тандурустӣ 1126,1 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар соҳаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят барои зимистон 10872 тонна ангишт, 24137 метри кубӣ ҳезум, 56,8 тонна сӯзишвории дизелӣ захира ва 7841 метри мураббаъ шишабандӣ карда мешавад. Инчунин 169 адад буғхона (57 фоиз), 776 адад генератори барқдиҳӣ (94 фоиз), 5884 адад гармкунаки барқӣ (99,6 фоиз), 16,9 ҳазор адад печҳои аловӣ омодаи кор буда, 579 муассисаи таълимӣ бо хати барқи озод (43 фоиз) пайваст мебошанд. Дар муассисаҳои тиббии вилоят 621 тонна ангишт, 2161 метри кубӣ ҳезум, 282 метри мураббаъ шишабандӣ ва 23,5 тонна сӯзишвории дизелӣ ба нақша гирифта, аз соли гузашта 89,1 тонна ангишт, 75,3 метри кубӣ ҳезум ва 4,2 тонна сӯзишвории дизелӣ боқӣ мондааст, ки барои зимистонгузаронии солҳои 2021-2022 истифода бурда мешавад. Аз тарафи соҳибкорон ва ҷамъияти матлуботи шаҳру ноҳияҳои вилоят барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ 50 адад сардхона бо иқтидори нигоҳдории 20040 тонна ва 46 адад амбор бо иқтидори 5547 тонна сохта ба истифода дода шуда, омодаи кор мебошанд. Дар ҷаласаи ситод қайд гардид, ки айни замон дар вилоят аз 949 пул 35 адади он таъмирталаб ва 10 ададаш дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, барои аз байн бурдани ин норасоӣ масъулини соҳа бояд дар ҳамкорӣ бо вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ корҳои заруриро амалӣ намоянд. Муовини раиси вилоят Заробиддин Файзуллозода ба масъулон доир ба захираи маводҳои гармидиҳӣ, истеъмолӣ, гузаронидани дегхонаҳо ба намуди алтернативии сӯзишворӣ, аз ҷумла ангишт, бо гармӣ таъмин намудани беморхонаҳо, мактабҳо, боғчаҳои бачагона, хонаҳои пиронсолон, биноҳои истиқоматӣ, таъмини воридоти саривақтии маводи сӯхт, сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ, қисмҳои эҳтиётӣ, маводи сохтмонӣ ва дигар захираҳои моддию техникӣ, пурра ба анҷом расонидани таъмир ва таъминоти муассисаҳо бо ангишт, ҳезум, сӯзишворӣ, маводҳои хӯрокворӣ, печка, дудбаро, печкаҳои гармидиҳӣ, генераторҳо, риояи қатъии меъёри истифодабарии неруи барқи муқарраршуда, роҳ надодан ба исрофи он, ҷамъоварии пурраи ҳаққи истифодаи неруи барқ, захира намудани тухмии ғалладона, картошка ва дигар зироатҳои кишоварзӣ, саривақт гузаронидани кишти баҳорию тирамоҳии зироатҳо, бунёди боғу токзорҳо, инчунин захираи миқдори зарурии хӯроки чорво барои зимистонгузаронӣ дастуру супоришҳо дода, рафъи зудраси мушкилиҳои ҷойдоштаро тақозо намуд.
Н. Маъмурзода, “Хатлон”, нашри №37-и рӯзнома
-
26-01-2021, 14:00
-
2-04-2021, 20:35
-
3-02-2021, 15:04